ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданСалим тамоми хонаро кофтукоб карда бошад ҳам, чизи дигаре наёфт. Маҷбур шуд, ки латтапораро аз даҳони Менглиқул гирифта дар хусуси чизи ҷустуҷў мекардагиаш пурсон шавад.
- Қунғузаки сиёҳро дар куҷо пинҳон кардӣ?
Менглиқул ҳайрон шуд: - Ман ҳеҷ гуна қунғузаки сиёҳро надидаам ва намедонам, – ҷавоб дод вай бо овози хирросӣ.
Ба саволҳои дигари Салим ҳам бо ҳамин тарз «надидаам, намедонам, портфел аз они ман нест», гўён ҷавоб медод. - Салим дид, ки аз ин сўҳбат муроде ҳосил намешавад, латапораро гирифта хост аз нав ба даҳони Менглиқул пеш кунад.
- Як дақиқа сабр – гўён ўро Менглиқул боз дошт: – Ту кистӣ?
- Ман?
- Ҳа, ту!?
- Ҳоло ҳам нафаҳмидӣ, ки ман кистам. Нобакор! Фикр мекунӣ, ки ман ҳам ту барин ғоратгарам? Хато мекунӣ.
- Медонӣ-чӣ? Кистӣ ва чӣ корай, кор надорам. Чизҳои аз портфел ёфтагиро гиру дафъ шав. Исо ҳам ба роҳи худу Мўсо ҳам. Ту мана намешиносӣ, ман туро. Маслиҳат ҳамин.
Салим аз ин гапҳо ба хулоса омад, ки Менглиқул ҳоло ҳам ба коркуни милитсия будани ў боварӣ ҳосил накардааст. - Не, намешавад.
- Барои чӣ?
- Барои он ки ту ҷои пинҳон кардаи чизи ман мекофтагиро нагуфтӣ.
- Охир гуфтам-ку, ҳеҷ гуна қунғузак – пунғузакатро надидаам ва намедонам. Агар медонистам, мегуфтам.
Салим мехост фоҷиаи Сорокинро муфассал пурсад. Лекин бо андешаи он ки мабодо худашро ошкор кунад, аз пурсуҷў худдорӣ кард.
Вай даст ба гўшаки телефон бурда рақами 02-ро чид. Банд.
Боз ду-се бор аз нав гирифт. Не, нашуд, телефон банд буд. Асабиёна гўшакро ба ҷояш партофта, ба Менглиқул рўй овард: - Ман боз гашта меоям. Ҳаминро фаромўш накун, то қунғузакро надиҳӣ, аз ман халос намехўрӣ, – Салим инро гуфта латтапораро ба даҳони ў пеш карда, аз хона баромад.
Дарро аз берун қулф кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё