Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Телеграмма дар хусуси ёфт шудани Менглиқул ва дар куҷо кор кардани «Медвед» барои Раҷаб Нуров воқеаи муҳим ба шумор мерафт.
Ба назар чунин менамуд, ки баъди гирифтани телеграмма аз души вай бори вазнин фаромада бошад. Чусту чолок ва беҳад хурсанд менамуд.
Телефон занг зад.
– Гўш мекунам.

  • Ба ман Раҷаб Нуров даркор, – пурсид касе.
  • Ҳа, ман – ҷавоб дод ў.
  • Шодиёна диҳед.
  • Чӣ хел шодиёна?
  • Чӣ хел мешуд, аввал шодиёна диҳед.
  • Мебахшед, шумо саҳв кардаед, ин ҷо прокуратура, ҷои шодиёнагирӣ нест, – гўён давоми гапро гўш накарда гўшакро ба ҷояш гузашт.
    Дақиқае нагузашта боз садои телефон баланд шуд. Раҷаб гўшакро бардошт. Ҳамон овоз «Бародар, шумо сари гапро шунида охирашро нашунида, гўшакро намонед. Ба Шумо хабаре расонданӣ будам, ки дар ҳақиқат бароятон хабари ниҳоят хуш аст», – гуфт.
    Раҷаб аввал каме дар ғазаб шуда, лекин худро ба даст гирифт.
  • Канӣ гўед, ҷӣ хел хабари хуш будааст?
  • Чӣ хел хабари хуш мешуд. Саид ба ҳуш омад. Метавонед омада бо ў гуфтугў кунед, – ҷавоб омад аз он тараф.
  • О, бародар, ҳамин гапро тезтар гўед, намешавад. Дар ҳақиқат хабари расондагиатон барои шодиёна меарзад. Чи хеле ки мегўянд, ман аз шумо нимта қарздор – Раҷаб инро гуфту барои рафтори дағалонааш узрхоҳӣ кард.
    Аз хурсандӣ ба худ ҷои нишаст намеёфт ў. Хаёл мекард, ки гўё гиреҳи ҳама мушкилоти мавҷударо кушода, ҷинояткорон бе чунучаро дастгир шуда, рост омада ба кардаашон иқрор мешаванд ва аз ў шафқат ва сабукӣ мепурсанд. Раҷаб афсўс мехўрд, ки Салим дар пешаш нест, ки ҳамроҳ хурсандӣ кунанд. Оҳи сабук кашида ба тарафи беморхона равон шуд.
пешина
аз 315
навбатӣ