ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Шоири чавон Маннон Муродӣ ҳам ба мушоира таклиф шуда буд. Вай, ҳушу ёдаш ба минбар, шеърхонии ҳамқаламонашро бо тамоми ҳастӣ гўш мекард...
Ана, ҷавондухтари чашму абрўсиёҳи бодомқавоқ ба минбар баромад. Аз рўи гуфти садри мушоира, ў Бунафша Ибодова ном дошта, донишомўзи соли сеюм будааст. Бунафша, то ки ҳаяҷонашро фурў нишонад, хомўшона сомеъонро лаҳзае аз назар гузаронд. Аз нигоҳи маъсум ва чашмони намнокаш аён буд, ки ўро дар дил дардест ниҳон. Вале дар он лаҳзаҳо инро ба ҷуз худи вай касе пайхас намекард. Бунафша тадриҷан худро ба даст гирифт. Сар боло кард. Дид, ки ҷуфт-ҷуфт чашмҳо ба ў, ба ҷониби минбар дўхта шудаанд. Вай гулў афшонда, коғази дар кафаш бударо кушод. Шеърро бо як эҳсоси баланд, самимӣ ва дилошўб кироат кард. Дар аввал овозаш меларзид. Вале ин лаҳза дер давом накард. Овози фораму ширадори ў ҳозиронро бегумон шефтаи худ гардонида буд.
Маннон, то ба ҷояш нишастани Бунафша, нигоҳашро аз ў канда натавонист. Шеъри Бунафша, ҳусни расояш ўро батамом сеҳр карда буд. Шеър сўгворие буд дар бораи ҷавони ошиқ, ки ба висоли маъшуқа нарасида, баҳори умраш хазон гардидааст.
«Тақдири қаҳрамонаш ба тақдири бародари ман монанд, – аввалин чизе, ки ба хотири Маннон омад, ҳамин буд. – Кӣ бошад каҳрамонаш?»
Ба минбар шоири дигар баромад. Ба гўшҳои Маннон дигар чизе намедаромад. Аз пеши назараш хотири мағшуш ва чеҳраи ошуфтаи Бунафша дур намешуд.
Чанд бор пайт ҷуста, ба Бунафша, ки андешамандона чор қатор пештар, паҳлўи дугонааш менишаст, нигарист. Ўмед дошт, ки духтарак ба ақиб менигарад ва ў чеҳраашро беҳтар хоҳад дид.
Вале Бунафша банди андешаҳои худ буд...
– Чӣ гуна духтаре буд? – аз хиёбони серсоя оҳиста-оҳиста кадам ниҳода ба худ мепурсид Маннон.
«Соҳибҷамол, шеъраш ҳам пурсўз. Ба як шунидан дар дили кас ҷо мегирад. Лекин чаро маҳзун аст? Аҷиб! Шеъраш ҳам мисоли қиёфааш ҳузнангез. Чӣ бояд кард, ки аз асрори дили ў воқиф шавам? Магар ин саҳл аст? Магар вай хоҳиши шунидани суханони каси бегонаро дошта бошад?»
Маннон дар қайди ҳамин фикрҳои беохир як вақт ҳис кард, ки аз назди хобгоҳ гузашта рафтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё