ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Бегоҳи рўзи якшанбе. Боғи истироҳати шаҳр чун ҳарвақта серодам. Бунафша, ба хараки таги мачнунбед нишаста, ашъори Лоиқро мутолиа мекард. Шамолаки шух ба кокулони чилбофтаи шабрангаш, ки сари китфонаш ҳамоил буданд, бозӣ дошт. Яктанимта баргҳои зардшудаи маҷнунбед дар панҷаи бед печутоб хўрда, ба сари китфу рўи варақҳои китоб меафтиданд.
Бунафша чунон ба мутолиа саргарм буд, ки болои сараш пайдо шудании касеро ҳис накард.
– Бунафшахон! Агар малоли хотиратон наояд... – сухан дар даҳони гўянда дармонд.
Бунафша баробари шунидании ин овоз, гўё ба баданаш барқ расида бошад, ларзида, сар бардошт. Онсўтар Маннон, ки аз ғояти ҳаяҷон чеҳрааш суп-сурх метофт, рост меистод. Духтар ончунон ба ҳайрат афтод, ки худро гум кард ва лабони нозукаш пир-пир париданд. Ў аранге овоз бароварда «Не! Не!» – гўён фиғон бардошт. Китоб аз дасташ афтод.
Маннон аз ҳолати ногувори духтар ба ташвиш афтод.
– Бунафшахон, ба шумо чӣ шуд? Духтур ҷеғ занам?
– Не, лозим не...
Бунафша чӣ тавр худро аз даст надиҳад? Охир, дар рў ба рўи вай Малики нокоме, ки аз баҳори бисту сеюми умр гул набўида, риштаи ҳаёташ гусаста шуд, рост меистод. Бунафша ин қаду қомати расо, ин чеҳраи шукуфон ва ин овози шеворо ду сол боз надида ва нашунида буд. Наход?...
Наход ў фиреб хўрда бошад...
Маннон дар бари духтарак амонат нишаст.
– Ба шумо халал расондам? Ман аз шумо як чиз пурсидан мехостам. Бубахшед, шумо маро ба ягон кас монанд кардед? – бо хавоси парешон пурсид ў.
Духтар ҷавоб надод. Лаҳзае чанд нигоҳи ҳайратомезашро ба Маннон дўхт ва баъд хастаҳолона овоз баровард:
– Шумо бародараш мешавед?
– Бародари кӣ? – пурсид Маннон мутаҳайирона.
– Бародари Малик, – чашмони духтар лиққи об шуданд.
– Ҳа, ҳа. Ман бародараш. Наход?.. – Маннон дигар чизе гуфта натавонист. Ба чашмони мешиаш об давид, сухан дар гулўяш дармонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё