ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
«Афтат дар гўр! Худат-ку хунук, табассумат аз худат хунуктар! Маймуни таппа-тайёр! – аз хаёл гузаронд ў ва рўй гардонда маҷрои гуфтугўро бо завҷааш тағйир дод.
Ин дам тамоми чароғҳои толор фурўзон ва чеҳраҳои мардум рўшантар гашт. Адолат «Хайрият, хаёл кардам, ки ин толор бечароғ аст ва шуморо торико-торик гусел мекунам» гўён изҳори шодмонӣ кард ва ба шавҳараш ҷафстар шуд.
Акбар гармии пайкари нозуку наҳифи ҳамсари меҳрубонашро хубтар эҳсос кардаю даст ба китфи ў гузошта атрофро бори дигар аз назар гузаронд, ба он андеша, ки шояд ягон шиносашро медида бошад. На, мутаассифона, барояш дар ин толори нимсарду чиркин ва бадбў чеҳраи ошное падид наомад. Лекин … ногоҳ чашмаш ба канори дури толор афтод, симои нимошнову нимбегона лаҳзае ба назараш чун шабаҳ намудор гашту боз ҳамон лаҳза нопадид шуд. Аниқаш, соҳиби он чашмон, ки аз лаҳзаи аввали ба толор ворид шудан зану шавҳарро аз дур ба «нишон» гирифта буд, чун эҳсос кард, ки диққати Акбар ба ў равона шудааст, филфавр аз толор берун шуд ва ба паси дар гузашт ва аз ҳамон ҷо, аз он мавқеи қулай «назорат»-ро идома дод.
Акбар дар дил «қадду қоматаш шинос барин, лекин шапкаю айнаки сиёҳ халал расонд, ки хубтар шиносамаш. Хайр, бало ба пасаш» – гўён қарор дод, ки соҳиби он чашмони ноошноро ба фаромўшӣ бисупорад.
Ҷавони ҳампаҳлу чун эҳсос кард, ки Акбару Адолат ба ў дигар эътибор намедиҳанду овораи сўҳбати хешанд, ду-се бор заруру нозарур гулў афшонда, гап қатӣ кард:
– Агар хато накунам, мову шумо ҳамсояем.
– Барои шиносоӣ дигар гапи дурўғ ёфт нашуд? – киноя кард Акбар.
– Худо занад, ки рост мегўям.
– Қасам нахўред. Сахт хато кардаед, мо ин хел ҳамсоя надорем, – боз ба гапи ў лагад зад Акбар.
– Ман ба шумо не, ана, ба ин хонум гуфта истодаам, – якравӣ кард ҷавон.
– Аввал ин ки ошно, ин хонум ҳамсари ман. Дуюм ин ки ин кас ҳам шуморо намешиносад. Сеюм ин ки… хоҳишмандам, ба мо халал нарасонед. Ҷой додем, ҷимакак шинед, – бо тундӣ таъкид кард Акбар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё