Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай мехост ин нигоҳу ин чашмонро дар умқи дилаш то дер нигоҳ дорад.
Вай худро дар назди соҳибаи ин чашмон, соҳибаи ин ашк якумрӣ қарздор меҳисобид. Зинда монданашро ҳам аз шарофати Саодат медонист.

  • Табрик мекунам шуморо!
  • Бо чӣ?
  • Имтиҳонро аъло супурдед.
  • Шумо ҳам.
  • Бе ёрии шумо ман яқин меафтидам.
  • Вале ман намегузоштам, ки шумо афтед.
  • Ман аз шумо якумрӣ қарздорам, – оҳиста пичиррос зад Салим.
  • Саодат ба маънои «ин тавр нагўед» сар ҷунбонд.
    Раҷаб Нуров, ки навакак ба аёдати Салим омада буд, ин ҳолатро дида, оҳиста берун баромад…

Душанбе – Дубулта – Душанбе
Солҳои 1983-1984
Ф И Ғ О Н
(Қиссаи рўзҳои мо)

Ба чашми нам макуш моро, худоё,
Ба оҳу ғам макуш моро, худоё!
Бикуш моро ба ҳар ранге, ки хоҳӣ,
Ба даст ҳам макуш моро, худоё!

НИЗОМ ҚОСИМ

I.
Шом фаро мерасид.
Рўшанӣ фирор дошт.
Торикӣ ноаён тор метанид.
Атрофу акноф ба ҳукми вай медаромад.
Дарвозаи шаҳр – вокзали роҳи оҳан ба рўи ояндагону равандагон кушода. Чор дари он пайваста кушодаю пўшида ва толори интизорӣ торафт серодамтар мешуд.
Дар толор қариб, ки ҷои холӣ ба чашм намехўрд. Ҳама нишастгоҳҳо банд. Бисёриҳо рост истода, деги сўҳбатро метасфонданд.
Дар як гўшаи толор, ду курсиро банд карда, ду тан – зану шавҳари ҷавон гарм-гарм сўҳбат доштанд. Онҳо то ба ҳампаҳлуҳои хеш халал нарасонанд, орому оҳиста ҳарф мезаданд, сари масъалаи муҳиме мубодилаи афкор доштанд.
Ҳине, ки зану шавҳари ҷавон оҳиста гуфтугў доштанд, аз ду канори толор ду ҷуфт чашмон онҳоро ба «нишон» гирифта буданд. Зану шавҳар – Адолату Акбар соҳибони он чашмонро ҳис намекарданд, аниқаш намедиданд. Муколамаи ононро гўё ибтидо буду интиҳо не…
Баногоҳ дар паҳлуи Адолат курсие холӣ шуд. Аз «назоратчиҳо» яке, ки ба онҳо наздиктар буд, дар як они воҳид болои сари Адолат рост шуд:
– Мебахшед, ин ҷо холӣ?
Бо шунидани ин нидо Адолат, суханашро қатъ намуда, аввал ба паҳлуяш нигоҳ кард. Дид, ки ҷой холӣ, сипас сар бардошта рў ба рўяш ҷавони тахминан бисту чор-бисту панҷсолаи навчаи лоғарандомро дид. Лаҳзае ба қадду қомати ў нигариста, худро гум кард. Чеҳраи бадафти ҷавон ба назараш шинос барин намуд.
«Дар куҷо дида бошам?» филфавр аз хаёл гузаронд ў. Вале ба хотир оварда натавонист, ки ўро кай, дар куҷо, ба кадом ранг дида буд.
Адолат даҳон ғунча карда чизе гуфтанӣ буд, ки шавҳараш Акбар аз ў пештар:
– Бале, холӣ, – гўён бо даст ишораи нишастан кард.
Гапи Адолат дар даҳонаш монд.
Ҷавон «раҳмат» гуфта ба курсӣ нишаст. Табассуми безеб ва хунуке даври лабонаш хат кашид. Ин табассуми кароҳатангез ба Акбар писанд наомад.

пешина
аз 315
навбатӣ