ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳамин тавр не, янга?
Адолат лаҳзае ба чеҳраи ў нигариста, аранге ба хотир овард.
Чанд рўз қабл дар остонаи гузаргоҳ лаҳзае бо ў рў ба рў омад.
Вале ба хотири он ки Акбар ба гумони бад нараваду осуда бошад ва осуда биравад, гуфт:
– Мутаассифона, ман ҳам шуморо бори аввал мебинам. Шояд маро ба ягон кас монанд карда бошед. Шаҳр шаҳри калон, одамони ба ҳам монанд кам нестанд.
– Ха-а-йр, маҷбур намекунам. Не бошад, не, – ҷавон лаҳзае тан додагӣ барин шуд, вале ҳамоно боз ба гап даромад. – Лекин кўҳ ба кўҳ намерасад, одам ба одам мерасанд, мегўянд. Худо хоҳад, ҳоло мову шумо боз бисёр вомехўрем. Лекин хоҳиш мекунам, дафъаи дигар «туро намешиносем» гуфта аз ман рўй нагардонед. Худо ба ман афту андоми безеб додааст, лекин дилам тоза.
«Одам ба одам зинда аст», гуфтааст як шоир.
– Медонӣ-чӣ, ошно. Агар донистан хоҳӣ, мо туро донистану шинохтан ҳам намехоҳем. Аз худои тори сар як таманно дорам:
ҳеҷ гоҳ ба ту рў ба рў ва мўҳтоҷам накунад! Акнун аз роҳат намон. Исо ҳам ба роҳи худу Мўсо ҳам бо роҳи худ.
– Ихтиёр ба дасти бахтиёр. Ман ҳам аз худо талаб дорам, ки ба ёрии ман мўҳтоҷ нашавед. Инсон аз дасту панҷаи худаш намонад. Хуб, дар амони худо бошед. Бубахшед, ки вақти қимататонро гирифтам, аз сўҳбати ширин бенасиб гардондам. Ба гумонам, гапҳои баҷоиятон ногуфта монд. Бубахшед мани аблаҳи сарсахту бадбахтро. Ба шумо сафари бобарор орзу мекунам, – ҷавон ин суханҳоро бо алам гуфта аз ҷо бархост, пештар рафт, вале чизе ба хотираш расиду дар ҷояш истод ва, рў ба ақиб гардонда, пурсид: – Дарвоқеъ, пурсидана айбаш нест, шумо ба куҷо майли сафар доред?
– Ба инаш кори ту набошад! – тоқаташ аз шилқинии ҷавон тоқ шуда хитоб кард Акбар.
– Худам медонам, ба куҷо меравед, нағз медонам. Ба Русия.
«Широка страна моя родная». Ҳамин хел як суруд буд. Барои чӣ меравед, инашро ҳам медонам. Барои кор, барои бакс! Чӣ илоҷ?
Рўзгор оинаро мўҳтоҷи хокистар кунад. Ё худ, «чунин аст кирдори гардуни пир, гаҳе чун камон асту гоҳе чу тир!» Замоне буд. ки аз Руссияи бузург ба кишвари мо десант мепартофтанд, аниқаш сарватғункунӣ меомаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё