ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Аз он тараф бо як ҷомадон меомаданду баъде се-чор сор аз ин ҷо ба панҷ-шаш контейнер, «Волга», «Жигули» мерафтанд. Инро ҳама медонанд. Як мисоли оддиаш роҳбари ҳамин ноҳияе, ки дарвозаи шаҳр дар ҳудуди он ҷойгир шудааст. Хушк омаду тар бирафт! Чизи бурдагиаш ба ҳафт пушташ мерасад. Акнун замона чаппагардон шуд. Акнун мо ба он тараф меравем, гурўҳ-гурўҳ, бо аҳлу байт, хешу табор меравем.
Акнун десантпартоӣ навбати мо – тоҷикон шуд. Лекин десанти мо тамоман дигар, аз ноилоҷӣ. Меравем ба Русияи бузург ва дигар кишварҳо ба он хотир, ки барои худ, барои зану фарзандон қути лоямуте пайдо бикунем. Вале чӣ ҳол дорад ин тоҷики сарсахту бадбахт дар он кишварҳои бузург? Ба назарам, беқадртарин одами рўи замин имрўз ҳамин тоҷики мост. Дар ватанаш қадр надорад, дар беруни ватан хору залил, таги по аст. Дар роҳи бозгашт ба ватан тоҷик тоҷикро ғорат мекунад, бераҳмона мекушад, пайсаҳои бо азобу шиканҷаи беш бадастовардаашро ба яғмо мебарад. Азобу таҳқиреро, ки аз ҳамсояҳои дерина мебинад, ба ягон чиз қиёс карда намешавад. Ҳамин ҳам зиндагӣ шуд? Мурад ин хел зиндагӣ! Ман дида истодаам, ки шумо ҳам аз хурсандӣ ба Русия намеравед! Маҷбурӣ меравед. Наравед, намешавад. Мебахшед, ака, гапа мўл кардам. Одам камтар нўшад, серҷоғ мешудааст. Аламам омаду дилама холӣ кардам. Қисса кўтоҳ, роҳи сафед, ака. Худатонро эҳтиёт кунед. Шумо барои ин хонум, э мебахшед, барои янга, барои фарзандонатон лозим ҳастед. Инро ҳаргиз фаромўш накунед. Дунё ба умед! То боздид! Чао! – Ҷавон бо дидаи пурнам даст афшонда оҳиста-оҳиста аз толор берун шуд.
Хомўшии тўлонӣ ва риққатоваре ба вуқўъ омад. Онҳое, ки шоҳиди ин манзара буданд, лаҳзае карахт гаштанд. Адолату Акбар бе сухан, дуру дароз аз паси ҷавон нигоҳ карда монданд.
Ҳайрон буданд, чӣ гўянд. Ин ҷавон ба худ буд ё бехуд, девона буд ё ҳушёр, ҳоло онҳо ба фаҳми ин намерасиданд.
Садои диктор, ки ким-кадомеро ба назди сардори вокзал даъват мекард, онҳоро ба худ овард. Акбар аз қайди андешаҳои берабт берун шуда гуфт:
– Гардам, худоё, аз одамот! Ин чӣ хел махлуқ буд? Аз куҷо бар сари мо пайдо шуд? Дар ин ҷо киро меҷуст? Чӣ ўро ба ин ҷо овард? Гапзаниша бин, якта аз боғ, якта аз роғ. Гоҳ нодону гоҳ олими калон. Шиорпартоиша бин! Мегўӣ дар мактаби гап хонда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё