Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ин рў, зуд аз назорат гузашта ба перрон баромад. Аз он тарафи тиреза, рў ба ҷониби Адолат гардонда, «хайр»-гўён даст афшонд.
Адолат ноаён ашкҳои дар нўги миҷгонҳои дарозу барроқаш ҳамоилшударо бо нўги ангуштон пок карда даст бардошт ва «Роҳи сафед!»-гуфт.
Акбар: – Акнун бирав, зуд бирав. Бачаҳо интизоранд! – гўён бори дигар нигоҳи пурмеҳрашро ба завҷаи зебояш ҳадя намуда ҷониби вагони ҳаштум роҳ гирифт...
Адолат пакар, хаста, вазнин-вазнин аз вокзал берун шуд ва қариб буд, ки бо он қаддарози айнакӣ рў ба рў занад. Айнакӣ ҳеҷ гоҳ инро нигарон набуд. Вай саросема лапарашро ба сар чуқуртар кашид ва рў гардонда сару рўяшро бо рўзномаи кўҳнаю дарида пўшонда ба «мутолиа» сахт андармон шуд. Ин рафтори ў аз назари Адолат пинҳон намонд. «Аҷаб одамоне. Дар ин вокзал бо чӣ хел махлуқҳое вонамехўрӣ. Якаш заруру нозарур гирди доманат пашша мешавад, дигарӣ худро шиноси дерина ё ҳамсоя гуфта муаррифӣ мекунад, сеюмӣ ким-киро думболагир аст, чорумӣ сарашро бо газетаи аз хондан кайҳо фарсудаю дарида пўшонда, аз ким-кӣ панаҳ меҷўяд. Ин шояд хоси вокзали роҳи оҳан бошад».
Вале вай – зани ҷавони зебо аз куҷо медонист, ки ин ҷавони айнакӣ, ки ногаҳон аз пеши пояш баромад, ба ўву шавҳари сафаракиаш таваҷҷўҳи хосе дорад. Ва онҳоро як сония ҳам аз мадди назар дур карданӣ нест.
Адолат банди андешаҳои мағшуш бо дили сиёҳ сўи истгоҳи микроавтобусҳо роҳ гирифт.
Ҷавони қаддарози айнакӣ, чун дид, ки Адолат сўи истгоҳ рафта истодааст, саросема худро ба анбўҳи одамӣ зада ба перрон баромаданӣ шуд ва ба нафаре аз кормандони гумрук, ки садди роҳаш шуданӣ буд, ким – чӣ хел ҳуҷҷати рангпаридаи сурхеро накушода нишон доду, саросемавор: – Ман як лаҳза, бародарамро гусел мекунам, – гўён ҳамон хел осемасар аз назди нозир дур шуд ва лаҳзае нагузашта ба перрон баромад. Ин сў – он сўро дуздона нигоҳ кард. Ниҳоят чашман ба одами даркорӣ афтода, нафаси озод кашид ва худро боз ба канор гирифт.
Дере нагузашта қатора нолаи талх, монанд ба фиғони мардумони аламкашида, мусибатзада баровард. Дуру дароз фиғон кашид қатора, гўё аз умқи дил фиғон ба фалак мекашид.

пешина
аз 315
навбатӣ