Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Хайрият, ҷонамон халос шуд, – оҳи сабук кашид Адолат. – Сарам ба дард даромад-е.
– Чашмонаш беҷо. Камтар намерасидагӣ барин. – Акбар ангушт ба чаккаи сар бурда тобғўла дод. – Аз афташ, ба ҳамин қарибӣ аз он ҷо баромадагӣ.
– Аз девонахона? – пурсид Адолат.
– Не, аз маҳбас.
– Дуруст мегўед. Лекин гапҳои охир гуфтааш ҷон доранд, дадеш.
– Гапҳои худаш не онҳо. Аз ягон ҷо шунидагӣ ё хондагӣ. Дар маҳбас барои ин кор фурсат бисёр аст.
– Ҳарчӣ набошад, аз бало ҳазар. Охираш бахайр шавад…
Акбар ба соат нигарист.
– Бояд ҳамин замон эълон кунанд. Занак, ҳама гапа гуфтем.
Маслиҳат – ҳамон маслиҳат. Пагоҳ шанбе, амонатия гирифта ба ягон кас нафаҳмонда қишлоқ меравӣ. Ҷои аз ҳама бехавф ҳамон ҷо. Ба дасти амакам медиҳию хотирҷамъ шуда бармегардӣ. Худо хоҳад, баъди ду моҳ, обйектро тамом карда ҳисобу китоб карда борон нафаромада гашта меоям. Охирҳои тирамоҳ, насиб бошад, шербачаҳорро хатнатўй мекунем.
– Кошкӣ, илоҳо ба ҳамон рўз бирасонад. Сиҳат раведу саломат баргардед. Худатонро эҳтиёт кунед. Вай бадмаст ҳам дар фуроварди гапаш суханҳои нағз гуфт: шумо барои мо зарур ҳастед.
Инро фаромўш накунед!
Адолат табассуми бадард кард.
– Хавотир нашав, ҷони ширин. Се сол сабр кардӣ, сад ташаккур. Мўлаш рафту камаш монд.
Адолат: – Дунё нотинҷ. Ҳар рўз аз тилвизиону радиё хабарҳои шумро шунида хобу хўрро фаромўш мекунам. Ростӣ, бо мўи бадан меларзам.
Акбар: – Мефаҳмам… Лекин ту осуда бош. Хавотир нашав.
Ман кўдак нестам. Корама дониста мекунам, пояма дониста мемонам. Ту ҳам аз ҷониби худат худата, бачаҳоя эҳтиёт кун.
Ин лаҳза эълон шуд, ки мусофирони самти Волгоград аз назорати гумрук гузаранд ва ба перрон бароянд.
Зану шўи ҷавон ҷониби гумрукхона роҳ гирифтанд. Акбар ба ҷуз як сумкаи сафарӣ бори дигар надошт. Тўшаи роҳаш ҳам чандон кироӣ набуд.

пешина
аз 315
навбатӣ