ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Аҳмақи раппа-расо!
– Аҳмақ – эта не то слова, мамаша!
– Фаҳмо. Одам ки нашудӣ, хари тайёр шуда мебароӣ. Бовар дорам, ки ту одам шуда баромадаӣ.
– Маро таҳқир накунед, оча. Чӣ, ба фикратон ман пештар одам набудам?
– Будӣ, бачам, одами хуб будӣ, лекин…
– Дар ин замона одами хуб будан кам будааст, оча. Ман инро дар он ҷо фаҳмидам.
– Лекин, бачам, боз таъкид мекунам, кората дониста кун, қадамата дониста мон. Фаромўш накун, ки номат як бор ба гандагӣ баромадааст.
– Аз ман дилпур бошед, оча. Ман худам медонам, чӣ кор кунам.
– Медонам, ки он лаънатиҳоро чашми дидан надорӣ. Лекин, мон, раванд, сарашону равғанашон. Ба онҳо сарбасар нашав. Худо як рўз не, як рўз ҷазояшро медиҳад. Ба қарибӣ шунидам, ки якташ ҷавонмарг шудааст.
– Ман ҳам шунидам, очаҷон. Лекин вай кам аст. Ман ба он гурўҳ сахт кина дорам, оча.
– Кина нагир, бачам. Гандаро худо занад.
– Ман ҳам ҳаминро орзу мекунам. Лекин ин орзу кай амалӣ мешуда бошад?
– Мешавад, бачам, мешавад. Хайр, биё, мон, ба гузашта салавот. Лекин рафторе, ки дина кардӣ, ба ман маъқул нашуд. Ба одамоне, ки худ намешиносӣ, корат чӣ? Дидӣ, ки нашуд, монаш биравад, гуфтаанд. Дидӣ, ки ба ту хуши гапзанӣ надоранд, чаро ширеш барин часпида гирифтаӣ. Э, бачаи хом. Хайр, шуд, акнун хезу дасту рўй шўй. Бо ҳам чой менўшем. – Модар тарафи ошхона гузашта ин суханҳоро такрор мекард: – Э, бачаи нодон, ташвиши мана зиёд кардӣ. Акнун ғами ин ҳамсоя ҳам ба дўши ман бор шуд. Бечора, ба куҷо рафта бошад? Худоё, худовандо, ўву бачаҳояшро дар паноҳат нигаҳ дор!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё