ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳавлии васеву сердолу дарахти волидайни Адолат дар канори деҳа воқеъ гардида. Падару писари калонӣ нону ширинчой хўрда, ба дастархон омин гуфта бархостанӣ буданд, ки дарвоза бе тақтақ кушода шуда, дар остона Адолат ва фарзандонаш пайдо шуданд. Мардҳо чашмашон ба онҳо афтода, лаҳзае дасту по хўрда, гаранг монданд.
– Ҳа, духтарам, дар ин саҳари мардон аз куҷо? – пурсид бо хавоси парешон падар.
– Тинҷӣ аст, Адолат? – пештар омадаю ҷиянҳояшро ба оғўш гирифта, пурсид бародар.
– Чӣ гўям? Ҳам тинҷу ҳам нотинҷ!
– Нафаҳмидам, духтарам. Чӣ хел – ҳам тинҷу ҳам нотинҷ?
Тезтар гўй, ки дилам мекафад!
– Ҳозир, ота, ҳамаашро мегўям.
Танҳо ҳамин дам ба хотири падару бародар расид, ки аз саросемагӣ Адолатро ҳатто ба нишастан таклиф накардаанд.
Фирўзу Фирдавс кайҳо бобою тағоро фаромўш карда, ҷониби бузу бузғолаҳо давида рафта буданд…
– Хайрият, хайрият, – ҳамоно такрор мекард падар ва, ба Адолат рўй оварда гуфт: – Хайр, канӣ, боло гузар. Маълум, ки он қадар нотинҷ набудааст. Акнун метавонӣ, ҳамаашро батафсил ҳикоят кунӣ.
Адолат болои кат гузашт. Аввал бо нигоҳ бачаҳояшро ҷуст.
Ҳа, ана,онҳо аллакай дар назди Алопар. Саги калон онҳоро хуб мешинохт. Барои ҳамин, баробари дидани Адолату фарзандонаш ҷониби онҳо давида, худашро пеши пояш андохт ва «дасташро»
бардошта, додаронро ба «оғўш» гирифта, сару рўяшонро бўсаборон карду завқи фаровонашонро овард. Адолат ба думликонию меҳрубонии саг назар дўхта лаҳзае ташвишу изтироби ниҳонии хешро фаромўш кард.
– Очаам канӣ, наменамояд? – ниҳоят пурсид ў ба падар рўй оварда.
– Ба ширнавбаташ рафтагист, – коҳилона посух дод падар ва боз ба даҳони Адолат нигарист, то зудтар фаҳмад, ки дар ин саҳари рўз чӣ зарурате ўро ба ҳавлии падару модар овардааст.
– Хайр, канӣ, акнун нақл кун. Мо гўшу ҳуш, духтарам. Чӣ гап шуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё