Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кампир дар қайди ҳамин андешаҳо буд, ки аз дур Адолат ва Фирўзу Фирдавс пайдо шуданд. «Худоё! Хайрият, ки сиҳату саломатанд онҳо!» – якбора нидо баровард пиразан ва гўё каси наздикаш омада бошад, ба истиқболашон аз ҷой бархост.
Адолат наздик омада боадабона ба пиразан салом дод ва бидуни ихтиёр ба ин тараф он тараф дида дўхт.
Пиразан «вааллайкум, ассалом» – гуфта, дилсўзона пурсид:
– Хайрияте! Шумоҳо сиҳат-саломат-мӣ, духтарам?
– Шукр, бад не, – кўтоҳ посух дод Адолат.
– Аз дина бегоҳ шуморо надидаму дилама гургон тала кард, духтарам.
Адолат ба чеҳраи пурожанг ва қомати хамидаи пиразан нигариста, аз дил гузаронд: «Аҷиб-ку: боз як ғамхори дигар пайдо шуд. Гўё очам ё хушдоманам бошад».
– Тинҷӣ буд, духтарам? – боз таҳпурсӣ кард пиразан.
– Тинҷӣ, тинҷӣ, хавотир нашавед, хола, – бо зарда ҷавоб дод Адолат.
Пиразан зани содда набуд, зираку дунёдида ва одамшинос буд. Зуд эҳсос кард, ки кунҷковиаш ба Адолат намефорад ва майли зуд аз назди ў дур шудан дорад. Аз ин рў гуфт:
– Бубахш, духтарам, агар ба асабат нохун зада бошам. Шояд дар дил гўӣ, ба моле, ки кор надорӣ, мон гургаш хўрад.
– Зиндагӣ, хола. Гоҳ чунину гоҳ чунон…
– Дуруст мегўӣ, духтарам. «Зиндагӣ оинаро мўҳтоҷи хокистар кунад» – гуфтаанд. Зиндагӣ касро ба чӣ дом, дару деворе намезанад.
Адолат аз ин фалсафаи пиразан маънии дигар бардошта, қаҳромез пурсид:
– Чӣ гуфтанӣ ҳастед шумо бо ин гапатон?
– Ҳеҷ чиз,духтарам. Гапа росташа гуфта истодаам. Бори зиндагӣ вазнин шудааст, мегўям. Барои ёфтани қути лоямут одамон ба чӣ корҳое, ки даст мезананд: дуздӣ, ғоратгарӣ, ҳаннотӣ, фиребгарӣ, савдогарӣ…
– Танфурўшӣ! – бо зарда илова кард Адолат.
– Бале, духтарам, бисёр занҳо аз тангии рўзгор ба танфурўшӣ машғуланд.
– Хусусан, агар шавҳарашон саҳл дур бошанд? – боз тундзабонӣ кард Адолат.

пешина
аз 315
навбатӣ