Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ин чӣ аст, мардак? – бо тааҷҷуб пурсид модар.
– Баъд мефаҳмӣ, занак.
– Чӣ, дар ин каллаи саҳар хазина ёфтӣ, мардак?
– Ин хазинаи ман не, хазинаи духтарат. Овардааст, ки ману ту бонӣ кунем.
Модару духтар бастаро гирифта, ба хонаи дарун даромаданд ва баъди чанде Адолат аз хона берун шуд, ба падар рўй овард:
– Ман меравам, ота, як дуоям деҳ.
Падар даст ба дуо бардошт:
– Илоҳо соқ омадӣ, сиҳат бирав. Аз бало ҳазар, аз вай ҳамсояи шилқинат эҳтиёт шав. Одами соқ набудагӣ барин, аз афташ. Ҳамин ки дастамон холӣ шуд, акот катӣ рафта хабар мегирем.
– Роҳи сафед, хоҳарам, – луқма партофт бародар.
– Худата эҳтиёт кун, духтарам, – овоз баланд кард модар.
…Баъди ним соат Адолату фарзандонаш савори автобус ба шаҳр баргаштанд.
8.

Ҳамида-хола соат панҷ нашуда аз хона баромада оҳистаоҳиста ба поён нишеб шуд ва ба берун, саҳни ҳавлӣ баромад. Вай махсус баромад, роҳпоӣ баромад. Ў ҳоло ҳам зери таъсири ҳикояти Бахтиёр қарор дошт. Дар хараки пешорўи даромадгоҳ нишаста, роҳи омади касеро нигарон ва дар баҳри хаёлоти дарҳам-барҳам шиновар буд. «Ин сакалтуи ман аҷаб рафтори бемаъние кард. Ҷавонзани бечораро талхакаф карданаш мумкин буд? Худоё, тинҷ бошад-да! Акнун то ўро бо чашми худ набинам, дилам қарор намегирад. Ба духтари мардум ягон кору гап шавад, ман худамро дар ду дунё бахшида наметавонам. Агар ў сиҳату саломат пайдо шавад, ҳамаи гапро мегўям, ба ҷои Бахтиёр узр мепурсам. Яке раванду узри бадтар аз гуноҳ шавад. Ҳа, инҳо ягон гап доранд. Набошад, барои чӣ модараш аз ман узр пурсид гуфта… Не, беҳтараш хап мешинам. Даҳони пўшида ҳазор танга.
Баръакс, тадбире ҷустан лозим, ки дигар вай дар дилаш тарсу ваҳмро ҷой надиҳад, оромона зиндагӣ кардан гирад, аз чизеву касе наҳаросад. Дилбардориаш мекунам, зиқ шудӣ, бо бачаҳоят ба хонаи мо гузар, худата танҳо ҳис накун» мегўям.

пешина
аз 315
навбатӣ