Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шарту шурт ҷои долларҳоро бигўй ё бароварда ба мо те. Ба туву бачаҳоят зараре намерасад. Ин қасами мардии мост.
– Охир, чӣ гўям?… Ман…. ман он пулҳоро …
– Ҳа, ҳа, канӣ, канӣ, ба ёдат биёр. Дар куҷо, ба дасти кӣ?.. ўро шерак мекард суроби дуюм, то ки Адолат тезтар қоил шавад.
Қаддароз гуфт:
– Беҳтараш, мо ба ёдаш меорем. Агар хато накунам, он долларҳо ҳоло аз ин ҷо дур, дар қишлоқ, дар қабати кўрпаву кўрпачаи очату отат мехобанд. Ҳамин хел не? Ё гапам нодуруст?
Ин суханҳоро шунида суроби дуюм ба биқини қаддароз як мушт фаровард, ки маънияш «бисёр налақ» буд.
– Ҳамин хел, дуруст, – тасдиқ кард Адолат.
– Ана дидӣ? Мо ҳамашро медонем. Мо ҳам аноӣ не, тахминамон дуруст баромад. Беҳуда шаби гузашта аз ин ҷо гурехта нарафтӣ. Ту худатро нею долларҳоро гурезондӣ. Хайр, ничего.
Гурехта ба куҷо мераванд?
Адолат аз хаёл гузаронд: «Аниқ, ин ҳамон аст. Маълум аст, ки ҳамаашро медонад. Аҷаб не, мошин киро карда, аз қафои ман ноаён то қишлоқ рафта омадагист. Одами дар турма шиштагӣ ҳама балоро медонад. Лекин… ба назарам қади вай майда буд. Ё шояд хато кунам?..
– Чанд доллар бурдӣ? – ўро аз қайди хаёлот берун карда қаддароз.
– Ду ҳазор.
– Бисёр нағз, нағз. Акнун гапи моро ба диққат гўш кун. Ин ҷо ману ту карда намешинем. Бе ин ҳам вақт беҳуда рафта истодааст. Мо ба ту бовар мекунем. То пагоҳа шабаш ба ту мўҳлат.
Ҳамин ки субҳ дамид, чи хеле ки вай дафъа рафта будӣ, ҳамон хел ба қишлоқат меравӣ. Ба падару модарат мефаҳмонӣ, ки долларҳо ба ту чун обу ҳаво лозим. Мо шаби оянда ана дар хамин вақт ҳозир мешавем. Долларҳоро бароварда медиҳию ҷонат халос. Мо дигар ба туву шавҳарат кордор намешавем.
Суроби дуюм илова кард:
– Ба ду гўшат шунав. Агар дар бораи мо ба ягон ҷо лақида монӣ, дониста мон, ки аз сад як ҷонат раҳо намешавад. Сари туву сари бачаҳота себча барин канда болои шикамҳоятон мемонем.
Аҳлу авлодата қир мекунем. Ба умеди милисаю боевик нашав.

пешина
аз 315
навбатӣ