ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Онҳо шарики моянд. Фаҳмо?
– Фаҳмо.
– Фаҳмо, ки бошад, хоб куну саҳар аз паи кор шав.
«Меҳмонони нохонда» оҳиста ақиб гашта, дарро аз берун пўшиданд.
Адолат зуд дарро қулф зада, ҳунгосзанон худро болои кат ҳаво доду домони гиряро раҳо кард. Фиғон аз дили пурдард баровард, ба тақдири шум сад бор лаънату нафрин хонд.
Хост хоб равад, вале хоб куҷо? Мехост ҳарчӣ тезтар субҳ дамаду бачаҳоро ба боғча барад ва рост ба қишлоқ раваду «амонатӣ»-ро оварда ба «соҳибони беномусаш» диҳад ва аз ин балои осмонӣ халос шавад.
Чунин аст кирдори гардуни пир,
Гаҳе чун камон асту гаҳе чу тир…
«Чӣ илоҷ? Насибамон набудааст. Пулдор шуда, «ё оллоҳ ё насиб» нагуфта будаем. Илоҳӣ, ба ман насиб накард, ба онҳо ҳам насиб накунад, заҳру зақумашон шавад! Замин паст, осмон баланд. Сарамро ба куҷо занам? Ба кӣ арз кунам? Ба милиса? Шунидам, ана ба ҳамин ду гўши худам шунидам, ки онҳо чӣ гуфтанд…
Чанде пеш дар рўзи равшан ду ғоратгар бо автомат ба хонаи як одами калон даромада, дасту пои духтарчаашро баста тамоми чизи дар бисоташ бударо дар ду халта бор карда ба китф партофта аз пеши одамон гузашта рафтаанд. Баъди рафтани дуздон касе аз ҳамсояҳо ба он одами калон телефон карда мегўяд, ки «муаллим, натарседу лекин ба хонаатон дузд даромадааст. Он марди калоншаванда аз чизу чораи хона не, аз духтараш хавотир шуда пурсидааст: Духтарам чӣ тавр, ба ў осебе нарасондаанд?» Чун мешунавад, ки духтарчааш зинда, оҳи сабук кашида мегўяд: сад бор шукр, розӣ ҳастам, ки охирин мехи хонаамро канда баранд, лекин ба фарзандам даст нарасонанд, ин бароям бахт аст. Азбаски дар ғоратгарии рўирост аломатҳои сиёсӣ ҳам ба назар мерасид, бо амри Калон кормандони прокуратура, милиса ва амният вазифадор шуданд, ки дар кўтоҳтарин мўҳлат ҷиноят фош шавад. Вале… аз байн ду сол гузашту он ҷиноят то ҳол нокушода монд. Ба қарибӣ он калоншаванда дар кўча муфаттишеро, ки ин парвандаро мебурд, вохўрда, бо шўхӣ мепурсад: «Бародар, ман ҳоло ҳам интизор. Дуздони манзили ман ёфт шуданд ё не?» Он муфаттиш бешармона, бо киноя ҷавоб медиҳад: «Домулло, дунё ба умед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё