ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Баъд хомўшии томе ҳукмфармо гашт. Бахтиёр ҳарчанд диққат дод, гўшу ҳуш шуд, дигар ба гўшаш садое, сухане нарасид.
Вай худро аз нав ба ҷогаҳ партофт. «Ба фикрам, хоб дидам»- гуфту аз қайди андешаҳо берун ва ба олами хоб ворид шуд.
Пагоҳӣ, вақте модар аз берун баргашт, Бахтиёр аллакай ба варзиши бадан машғул буд.
– Ҳа, оча, саҳат қати аз куҷо омадӣ?
– Аз роҳрав.
– Дар роҳрав чӣ гум кардӣ?
– Ҳеҷ чиз, бачам. Тарақ-туруқи дари ҳамсояро шунида, берун баромадам. Бинам, бечора ҳамсоя боз бачаҳояшро гирифта, ба куҷое шитоб дорад. «Ба куҷо?» – гуфта пурсам, аранге ҷавоб дод:
«Дар мактаб кори зарур дорам». Аҷиб, ин муаллима каллаи саҳар дар мактаб чӣ гум карда бошад, чӣ кори зарур дошта бошад?
Бахтиёр табассум карда, гуфт:
– Ҳеҷ аз кунҷковиат намондӣ-да, оча. Охир, одами зинда саду як ташвиш дорад.
Пиразан синчакорона ба рўи Бахтиёр нигариста, гуфт?
– Бисёр маҳмаддоно шудаӣ. Росташа гўй, боз ягон нағмаи дигар карда, бечораро натарсонда бошӣ?
Бахтиёр хандид.
– Барои чӣ механдӣ, сакалту? Росташ гўй!
– Оча, қасам ба ҷони ҷавонам, ки нисбати ў ягон аҳмақӣ накардаам. Охир, худат дидӣ-ку, ман соати нўҳи шаб омадам. Дар беруну дарун касеро надидам, бо ягон кас вонахўрдам. Яъне, ин дафъа ман аз бозӣ берун.
– Бахтиёр, ҳо ба ту гуфтам-а, боз такрор мекунам: агар боз ягон номаъқулӣ кунӣ, ширама ба осмон меҷўшам!
– Бисёр баланд рафтӣ, оча. Охир, ширатон кайҳо хушк шудагӣ. Боз кадом ширро ба осмон меҷўшед? – ба қитиқи модар расиданӣ шуд Бахтиёр.
– Ҳой бача, шаккокӣ накун, ки ман модарам.
– Гуноҳи ин сағираи дарбадаратро бубахш, оча. – Бахтиёр бо табассум пеши пои модар зону зад.
– Хез! Хез! Бас масхарабозӣ! Чунон гап мезанӣ, ки намедонам кадом гапатро шўхӣ пиндораму кадомашро ҷиддӣ. Рафтем, чоята хўр. Ман ба ту гап дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё