ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
«Э, заната… Номард. Аз танҳоии як занаки муштипа истифода бурда… Агар ба дастам афтӣ…» – гуфту боз ба даҳани падар нигарист. Мехост фаҳмад, ки дар ин маврид падар чӣ мегуфта бошад. Хомўшии тазъиқоваре ба вуқўъ пайваст.
Ниҳоят падар онро шикаст:
– Ҳмм, аҷаб коре шудааст. Кӣ гумон мекард, ки … ин нобакорон бўй гирифтаанд, ки ту пул дорӣ.
– Аз ягон кас гумонбар нестӣ? – пурсид бародар.
– Вай дафъа ба шумо гуфта будам-ку, як маймуни одамшакл ду рўз думболагирам буд. Баъд ўро гум кардам. Дигар пайдо нашуд.
– Аниқ, ки кори ҳамун нобакор ва шайкаи ў. Аз афташ, шайкааш бақувват. Метарсам, ки аз думат ба ин ҷо наомада бошанд.
– Ман ҳам дар ҳамин андешаам, ота.
– Ҳа, масъала вазнин. Ман аз ҷони туву бачаҳоят метарсам, духтарам. Бало ба паси ҳамон чанд қоғази сабз.
– Пас бигўед, чӣ кор кунам, ота?
– Намедонам, духтарам, – падар боз ба андеша рафт ва баъди фосилае, ба писараш рўй оварда, пурсид: – Ту чӣ маслиҳат медиҳӣ?
– Чӣ маслиҳате ки шумо диҳед, ота. Калони хона шумо.
– Худи ту чӣ фикр дорӣ, Адолат? – падар ба духтар рўй оварда ба умқи чашмони пурнами вай назар дўхт.
– Ростӣ, намедонам, ота. Сарам замбўрхона. Ҳайронам, чӣ кор кунам. Ё шояд, ҳоло ҳам дер нашудааст, ба милиса хабар диҳем? Шаб омада онҳоро дар сари ҷиноят дастгир кунанд…
– Э, не, духтарам, ин хаёли хом, – якбора хитоб кард падар. – Ин гапа дигар нагўй. Ин номаъқулия накун, ки …
– Ҳа, рост мегўед, ота. О, худат ба мо гуфтӣ-ку: таъкид карданд, ки «ба милиса хабар нате, онҳо ҳама одамони мо». Модом ки милиса ҳамроҳашон бошад, аз дасти ту чӣ кор меояд? Фақат душман зиёд мекунему халос.
– Ман хам ҳамина гуфтанӣ будам, – гапи писарро тақвият дод падар.
– Хайр, чӣ кор кунам, ота? Вақт рафта истодаст, – суоли пештараро такрор намуд Адолат.
– Илоҷ нест, ба тақдир тан медиҳем, духтарам. Насибатон набудааст. Маҷбурӣ бо ду дасти адаб ба он лаънатиҳои оқипадар диҳӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё