ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Адолат дар маҳалли Шимолӣ, дар истгоҳи калон аз автобус фуромад. Аввал диле кард, ки ба мактаб равад. Чун ба ёдаш расид, ки имрўз дарс надорад ва рафтанаш он қадар зарур нест, ба микроавтобус нишаста, ҷониби хонааш роҳ гирифт. «Беҳтараш дар хона мешавам. Бигузор онҳо бинанд, ки ман ба қишлоқ рафта омадам ва дигар ба ҳеҷ куҷо нарафта, ба хона даромадам. Онҳоро дар хонаам интизор мешавам. Ба ягон ҷо рафтан бефоида. Маро бе банд баста мондаанд».
Ў бо ҳамин андешаҳо дар маҳаллаи ҳаштоду ду, сари роҳи калон аз мошин фуромад.
Баъди намози зуҳр касе дари хонаашро кўфт. Адолат, ки дар ошхона андармон буд, як қад париду пиёларо аз даст афтонд.
Хушбахтона, он болои гилемча афтода, нашикаст. «Хайрият»
гуфта, ба дар наздик шуд.
– Кист?
– Ман, духтарам, Ҳамида-холет, – овози шинос ба гўш расид ва Адолат зуд дарро кушод.
– Дароям, мумкин-мӣ, духтарам?
– Марҳамат, марҳамат, холаҷон, – муроот намуд Адолат ва дар дил хурсанд шуд, ки дар лаҳзаҳои вазнину риққатовар ҳамсўҳбате барояш пайдо шуд.
Адолат пиразанро ба ошхона раҳнамоӣ кард.
– Бачаҳо канӣ? – пурсид пиразан.
– Дар берун, бозӣ доранд.
– Хуб, монед, бозӣ кунанд. Гумон мекунам, духтарам, кўдакон дар ҳамин айёми барои мо душвор аз ҳама хушбахтанд, ғаме надоранд.
– Ҳа, гапатон дуруст, хола. Лекин муҳити носолим ба онҳо ҳам бетаъсир намондааст.
Инро гуфта, Адолат дар тараддуди дастархонкушоӣ шуд, ки пиразан гуфт:
– Лозим не, духтарам. Ташвиш накаш. Ман навакак аз сари чою нон хестам. Ин ҷо бишин.
Адолат ба ҷои нишондодаи пиразан нишаст.
– Духтарам, росташа гўй, тинҷӣ ҳаст? – пурсид кампир рост ба қаъри чашмони ў нигариста.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё