ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Комёбиҳои ў дар тарҷумаи асарҳои саҳнавӣ назаррасанд. Қаҳрамонони асарҳои драмавии Александр Вампилов «Латифаҳои деҳот», Борис Равенских ва Михаил Анчаров «Суруди зиндагӣ», Ҷон Голсуорси «Виҷдон», Феликс Тошмуҳаммадов «Найи сеҳрнок», Геннадий Соловский «Афғонписар», Рамзи Озчелик «Бодоми дандоншикан» (бо ҳамроҳии Саиди Сиддиқ) дар саҳнаҳои театрҳои тоҷик маҳз бо тавассути қалами Ато Ҳамдам ба забони тоҷикӣ ҳарф заданд. Ин намоишномаҳо бо муваффақият рўи саҳна омаданд. Масалан, «Латифаҳои деҳот»-ро тамошобинони тоҷик бештар аз ҳазор маротиба тамошо кардаанд.
Ато Ҳамдам инчунин муаллифи бештар аз 40 намоишномаи якпардагӣ, 100 миниатюра ва интермедия аст, ки солҳои гуногун саҳнаҳои театрҳои мардумии шаҳру навоҳии ҷумҳуриро зиннат доданд, аз тариқи симо нишон ва ба воситаи садо шунавонда шуданд. Аз ҷумла, «Самар» ва «Қурбонии охирин» дар озмунҳои Умумииттифоқӣ ҷоизаҳо ба даст оварданд ва ба бисёр забонҳо тарҷума шудаанд.
Соли 1998 нашриёти «Шарқи озод» китоберо бо номи «Атои худо, Ҳамдами мардум» аз чоп баровард, ки он ба 50-солагии зодрўз ва 30-солагии фаъолияти эҷодии ў бахшида шудааст.
Ато Ҳамдам аввалин нависандаи тоҷик, нахустин қосиди фарҳанги тоҷик аст, ки барои хизматҳои хоксоронааш дар роҳи густариши муносибатҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистону Покистон моҳи октябри соли 1994 ба гирифтани мукофоти олии адабии Покистон мушарраф гардид. Ин мукофотро дар ҷаласаи бошукўҳ ба ў Президенти ин кишвар ҷаноби Фаррух Аҳмадхон Лоғарӣ супурд. Моҳи сентябри соли 1999 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарёфти Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардид.
Ато Ҳамдам дар кори роҳбарӣ низ масъулияту истеъдоди шоистае аз худ нишон додааст. Дар таърихи рўзноманигории тоҷик солҳои 1977-1988, яъне солҳои роҳбарии ў ба рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») солҳои эҳёи нуфуз ва эътибори рўзномаи ҷавонони тоҷик шинохта хоҳад шуд. Дар ин солҳо бинобар ба кори рўзнома ҷалб карда шудани як зумра қаламкашони чирадаст ва пурҳунар савияи касбии ин рўзнома ва зимнан мақому мартабаи сухани рўзноманигор баланд баромад ва мактаби эҷодии собиқ кормандони рўзнома, устодон Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мутеъулло Наҷмиддинов ва дигарон аз нав зинда гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё