ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Суханони пурмуҳаббатро ба ҷавони ошиқ табиате, ки ўро дар оғўши худ парварда буд, талқин менамуд. Девор шикаст, шахҳое, ки асрҳои аср қалъа дар рўяшон истеҳком дошт, пора-пора шуданд, дев бо фиғон ба қаъри ҷари бетаг афтод, вале ҷавон ҳанўз аз ҳазор як ҳиссаи эҳсосеро, ки дилашро саршор медошт, ифода накарда буд…
Аз афти кор, Муродалӣ ҳам он соҳибҷамолро аз панҷаи дилфишори дев раҳо карда метавонист. Ў рангҳои баландро, ҳатто дар он ҷое, ки тафовутнопазиранд, мебинад. Харсанги сари роҳ паланги ба ҷаҳидан омодаеро ба ёдаш меорад; тахтапушти песаи он аз шиддат мепарад, чашмонаш сабзи дурахшон мешаванд, панҷаҳояш чунон ба санг часпидаанд, ки дар он пайҳои чуқуре мондаанд. Ё худ, ана он тарқиши харсанги рўбарў; шўълаҳои офтоби зимистон ба он қариб ки роҳ намеёбанд, вале Муродалӣ дар зулмоти тарқиши харсанг ҳам шуои хираю нилфоми барфро ташхис мекунаду ҳам рахҳои арғувонии баргҳои токро, ки шамол дар буттаҳои насрин овехтааст, ҳам сабзаи хушкидаеро, ки беҳад аз асбоби қадимии биринҷие ёдовар аст…
Боре Муродалӣ оиди рассомони импрессионисти фаронсавӣ китобе хонд. Аҷоиб китобе буд. Муродалӣ ду шаб паи ҳам нахуфта онро мутолиа кард ва пайваста аз гиряҳои писаракаш Ислом, ки ғаш карда ҳушашро парешон менамуд, қаҳраш меомад.
Хулласи калом, дар он китоб омада буд, ки ҳама моҳро хокистарӣ дидаву шинохтаанд, лекин рассоме онро зардина тасвир кардааст.
Одамон дурусттар нигаристанд, ки моҳ дар ҳақиқат зардгун аст.
Аз он вақт Муродалӣ ба кўҳҳо, ба қолинҳои садранги марғзорони Алп бодиққаттар нигоҳ карда, дунёи аҷиби рангҳоро барои худ мекушод.
Ў бо ҷону дил ба чарогоҳҳои дурдаст мешитофт ва аз анҷоми сафар ҳамеша хиҷил мешуд. Занаш Азиза ғур-ғур мекард, ашкрезон хонаи волидонаш мерафт. Вале акнун панҷ сол аст, ки вай аз дунё рафтааст ва касе ғур-ғур намекунаду Муродалиро аз сафарҳояш бознамедорад. Дар ҳар ҳол, касе ўро байни ин чор девор нигоҳ ҳам дошта наметавонист…
Аҷоиб, ки агар Муродалӣ дар он замон мезист, ба он паричеҳра чӣ гуна рози дил менамуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё