Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ҳар ҳол, волидон мехоҳанд, ки ҳамин хел шавад. Заҳмати чўпонӣ меросист. Шаҳрӣ шабро шаб нагуфтаю рўзро рўз, хобу хўрро ҳаром кардаву ҷонашро дар хатар гузошта, ҳаргиз аз паси рама намегардад…
Ҳамин ки мошини Муродалӣ дар назди хоначаҳои чўпонон пайдо шуд, бачаҳо «Сирк омад, сирк!», « Ура! Кино мешавад!»- гўён сўяш метозанд. Ва ҳарду гапашон ҳам рост аст.
Муродалӣ бори дигар ба оинаи пешорўяш нигарист. Рўи лоғар, мўи мошубиринҷ, абрўвони ғафси пайвастаашро аз назар гузаронд. Маълум, ки зебо нест. Вазифааш ҳам на дар кино бозӣ кардан, балки ба чўпонҳо кино нишон додан аст. Даҳ сол боз ба ин кор машғул аст ва ҳар сол сивуякуми декабр ба чарогоҳҳои дурдасти андар оғўши кўҳҳои сарбафалак меравад, ки Бозгулро бубинад. Ҳарчанд хуб мефаҳмад, ки ин ҳама акнун беақлие беш нест…


Ў дар кабина танҳост. Касе нест, ки пешаш ҳиллаю найранг кунад. Ҳодиса дар мактаб сар зад. Омўзгори адабиёт ашъори Рўдакӣ, Ҳофиз ва Саъдиро барояшон хонд ва худ аз худ баҳсе ба амал омад, ки оё ҳоло ҳам, чун дар он замонҳои дур, амиқу содиқона дўст доштан мумкин аст? Муродалӣ ёд дорад, он вақт исбот карданӣ мешуд, ки не, ҳоло замонҳо дигаранд, вусъати фаъолият беҳудуд шудааст ва дар доираи эҳсосоти хеш мондан аблаҳист. Албатта, он вақт намедонист, ки зиндагиашро муҳаббат, муҳаббати Бозгул муайян хоҳад кард. Ишқи аввалини онҳо чун гулхани баланди шутурхори хушк, ки тирамоҳон ҳангоми пахтачинӣ бисёр меафрўхтанд, аланга зад. Буду шудаш ў шуд, фақат оиди вай меандешид, ҳар рўзро бесаброна интизор мешуд, ки ба дидори яккаву бемисоли хеш бирасанд. Ин ҳама дар синфи даҳум, бисёр солҳо қабл аз ин ба вуқўъ пайваста буд…
Ў, дар ҳақиқат, ба чунин муҳаббат меарзид. Миёнақад, хушқомат, химчамиёне буд, ки дар оинаи чашмони сиёҳаш ҳамеша айёрие инъикос мешуд.
Онҳо гоҳ-гоҳу ниҳонӣ вомехўрданд, барои аз он бешаш вақту ғайрат набуд. Бозгул китобхона мерафту Муродалӣ «тасодуфан»
дучораш меомад. Ишқашро, аз он рўзе, ки худ сарфаҳм рафт, изҳораш мекарду изҳораш.

пешина
аз 315
навбатӣ