ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ашк ба рухсораҳои Бозгул шорид, овози Муродалӣ ларзид. Мамадқул, ки рўи пўстаке ҳамроҳи занаш менишаст, баногоҳ ба ёд овард, ки бояд бо ратсия ҳисоботи харҷи ғизои чорворо ба колхоз бирасонад. Бархосту ҳамроҳи Хайрӣ рафт. Ва лаҳзае пас аз ҳавлӣ овози тааҷҷубомезаш ба гўш расид. Маълум шуд, ки рама гирди арчаи сарсабзро печондаасту қариб онро аз по афканад.
Бачаҳо низ бо шунидани ин хабари аҷиб берун тохтанд, то меҳмони деринтизорашонро аз гўсфандон бираҳонанд.
– Хаста шудӣ, ҳа? Гушна ҳам будагистӣ? – садои хаставу ларзони Бозгул ба гўш расид. – Биё, ягон чиз бихўр.
– Беҳтараш пешам бимон, ҳамин замон вақти рафтанам мешавад.
Зан дастархон густурда ғизову чой овард. Муродалӣ мехўрду таъми хўрокро қариб ки эҳсос намекард. Пайваста ба ў менигаристу менигарист ва аз охирин имконияти ин симои азизро дар лавҳи хотир абадӣ сабт намудан истифода мебурд.
Сўҳбат аз ҳар боб буд, вале суханон гўё баҳрашон маъниву моҳияте надоштанд. Садои зан дар гўши Муродалӣ чун навои хуше мерасиду ўро муваққатӣ ҳам бошад, бар авҷи бахт боли парвоз медод.
Мамадқулу занаш баргаштанд. Онҳо бо ҳам монданд, вагарна расман зани рафиқро бо марди бегона, дўсти бачагиаш ҳам бошад, танҳо гузоштан мумкин нест. Бубахш, Муродалӣ, лекин одат ҳамин аст…
Ў арчаро ба бачаҳо тўҳфа кард, дастгоҳи кинонишондиҳиро
бо навори филмҳо ба қуттиҳо ҷо намуд ва беихтиёр ба атроф нигарист. Барф бас карда, ҳаво ғайриинтизор гарму мулоим шуда
буд ва Муродалӣ аз дил гузаронд, ки ҷои зимистонгузарониро
хуб интихоб кардаанд. Алаф ҳам кам несту барф ҳам зиёд ҷамъ
намешавад. Ҳарчанд, чунон ки ҳикоят карданд, порсол шамоли
сахте хест. Яке аз деворҳои қўра ба бори барф тоб наоварда афтод. Гўсфандони ҳаросон аз рўи шиғҳо ҷаста, ба ҳар сў парешон
шуданд. Тўфон торафт поёнтарашон меронд, сўзани барф баданашонро месўзонд ва, агар Ҳаитбой намебуд, бегуфтугў рама аз
даст мерафт. Аккоси хавотирангези сагро шунида, таҳи як нимтана берун баромад ў ва бехудона аз паи гўсфандон тохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё