ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Вале дигар хел шуд… Акнун яке аз онҳо бояд биистаду дигариро роҳ бидиҳад. Мувофиқи қоидаи роҳ ин корро бояд Муродалӣ кунад – боркашашро ба кўҳ «часпонаду»
Ҳаитбой аз «пули сирот» гузарад. Оре, аз «пули сирот»…
Муродалиро кофист, ки дар он лаҳза мошинашро андаке ба ҳаракат дарораду базўр, оре, базўр ба «Нива» бирасад ва онро рўи ҷарӣ овезон кунад. Аз зери чархҳои он регу хок хоҳад рехт ва мошин батадриҷ сарнагун шуда, ба ҷарии ҳафтодметра, ки дар қаъраш дандонҳои тези шахҳову яхбанди маҷрои беоби рўди замоне шодоб ба назар мерасад, хоҳад рафт. Кӣ исбот карда метавонад, ки ин амали Муродалӣ барқасдона буд?
Дар «Нива» аз зарби мошини ў ҳатто осоре нахоҳад монд, базўр ба он расидан кофист…
Муродалиро арақ пахш кард: ана, он имкони нодире, ки метавонад қисматашро батамон тағйир диҳад. Бояд саросема нашуда аз он истифода бурд. Ў на нисбати Ҳаитбой кину бадбинӣ эҳсос мекард, на ҳаяҷону изтироб. Мағзаш рўшану хунсардона кор мекард. Ў як ба «Нива», ки хеле наздик омада буд, нигарист ва фармонро ҷониби рост тоб дод – боркаш ба канори роҳ рафта, рўи он хам шуд…
Ҳаитбой аз паси шишаи пеши мошинаш ба чеҳраи афсурдаи Муродалӣ нигарист, чашмони хаставу варамида, абрўвони пайваст, телпаки фарсудаи харгўшиашро аён дид, вале ҷуз нафрат нисбати касе, ки дар ин қадар сол боре кўшиши рафтори ҷавонмардона накарда буд, чизе дар вуҷуди хеш эҳсос нанамуд.
Магар ў, Ҳаитбой, метавонист ингуна ба дидори зане, ки маҷбуран ба шахси дилнохоҳаш расидааст, аз ў чор фарзанд дораду ба тақдир тан додааст, бишитобад? Ҳаргиз, дилашро аз сина меканду ҳамроҳи он ёди ўро аз вуҷудаш дур меафканд! Ва агар ба вай садақаи ночизе – имкони соле як бор, танҳо як бор дидани занеро, ки дар хонаи чўпоне на кадбону, балки ходимаву парастори кўдакон аст, раво медиданд, ў магар муросо мекард? Чӣ гуна метавон таҳаммул кард таҳқиреро, ки шавҳар дониста хонаашро тарк менамояду ба ту чандсоата бахти сохтае эҳдо месозад?
Имрўз Ҳаитбой Мамадқулро хоҳиш карда буд, ки бо занаш берун равад, бачаҳоро ҳам аз хона барорад ва он ду танро бо ҳам танҳо гузорад. Бигзор худаш аз даҳани зан сухани хайрбодро бишнаваду бифаҳмад, ки дер шуд. Лаҳзае ки метавонист қисмати онҳоро тағйир бидиҳад, кайҳо дар қаъри солҳои сипаригашта гум шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё