Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Хайр, чӣ шудааст? Он сафар ба ин хабарнома чӣ муноссибате дорад?
– Шояд муносибате надошта бошад. Лекин ёд дорам, ту саргузашти ҷавонзанеро бисёр бо ҳарорат қисса карда будӣ. Гўй, ҳамин тавр буд ё не?
Алишер ба андеша рафт. Ҳа, ба хотираш омад. Вай ҷавонзанеро, афсўс, номаш дар хотир намондаст, нағз дар хотир дорад. Ба Далер гуфта буд, ки агар фурсат даст диҳад, дар ҳаққи ў ҳикояте рўи коғаз меорад.
– Бале, ҳамн тавр буд, – ниҳоят яхи хомўширо шикаста посух дод Алишер. – Дар гурўҳе, ки ман сарвараш будам, ҷавонписарону духтарон аз ҷумҳурии Туркманистон бисёр буданд.
– Масъала равшан. Муаллифи хабарнома ҳамон зан...
– Ту ҳамин хел гумон мекунӣ?
– Набошад чӣ хел гумон кунам?
– Пас чӣ рақам ваю Саломат ба як мазмун телеграмма додаанд?
– Дар зиндагӣ тасодуфҳои бисёр мешавад, ҷўраи ҷон. Гумон мекунам, ки онҳо аз мазмуни телеграммаҳои ҳамдигар хабар надоранд. Ман гуфтаму ту шунав.
– Хайр, инаш фаҳмо. Лекин ба ман гўй ки чӣ кор кунам?
– Фикр кардан лозим...
– Вақти фикр карда нишастан нест. Ҳар дақиқа ғанимат.
– Набошад, гўш кун. Маслиҳат ҳамин. Ҳамроҳ ба фурудгоҳ меравем.
– Хайр, ана рафтем. Пас...
– Исто, ки ту ўро мешиносӣ?
– Намедонам. Шояд шиносам. Шояд не. Охир аз байн як сол не, ду сол не, расо ҳашт сол гузашт.
– Ин тавр бошад, гўш кун. Агар шиносӣ, аз дур ба ман ишора кун. Ба он тарафаш корат набошад. Зуд ба назди янга раву ўро гирифта чақонакак гурез. Фаҳмо?
– Фаҳмо. – Чеҳраи Алишер қадре кушода шуд.
– Зиёфат мешавад?
– Мешавад.
Дўстон дар ҳамин ҷо сўҳбатро файсал карда худро ба кор андармон сохтанд. Вале кори Алишер пеш намерафт. Номае, ки барои таҳрир пешаш монда буд, гўё ўро мегазид.

пешина
аз 315
навбатӣ