Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қалам пеш намерафт. Вай худро чунон вонамуд месохт, ки гўё хабар таҳрир мекарда бошад, вале хотираш парешон, як гўшаи дилаш тира, ҳарчанд дилаш аз Далер пур буд.
«Сулгун. Вай паричеҳра ҳамин хел ном дошт. Чаро нишонии ўро гум кард? Чаро ў зуд фаромўш шуд? Сулгун, Сулгун... Ҳа, ба хотираш омад. Ин ном калимаи туркманӣ буда маънояш парии обист. Бале, бале, худи худаш. Вай ҳини шиносоӣ номашро гуфта ҳамин тавр маънидод карда буд. Сулгун нишонии ўро аз куҷо пайдо карда бошад? Ба назараш вай ҳини хайрухуш ба ў нишонӣ надода буд. Занҳо бало ҳастанд. Агар хоҳанд, кӣ будану ба чӣ кор машғул буданатро аз ту беҳтар дониста мегиранд. Вай ба Душанбе меояд. Барои чӣ? Ба кадом зарурате? Шояд ба пажуҳишгоҳи биологӣ? Вай гуфта буд, ки унвони номзадӣ дорад ва дар пажуҳишгоҳи биологии Академияи Улуми Турманистон дифои вазифа менамояд. Сафари ў шояд корӣ бошад ё аҷаб не, ҳамту...
Кӣ медонад. Майлаш, омадан гирад. Душанбе пешкаш. Фақат коре карда Саломат аз ин хабардор нашавад. Феъли завҷаашро хуб медонад. Вай харчанд зани оқилу меҳрубон, поквиҷдон аст, лекин баҳудаю беҳуда рашк мекунад. Агар раваду дар кўча зане ба Алишер салом диҳад, ҳамон замон авзои Саломат беҷо, осмони рухсорашро абрҳои тира фаро мегиранд. То дар бораи он зан маълумотҳои заруриро нагирад, Алишерро ором намемонад.
Ҳамин хел зан дорад вай. Хавотириаш ҳам аз ҳамин хотир, ки мабодо дар фурудгоҳи ҳавоӣ қиссаи Сулгун фош шавад. Он вақт мешавад хонаи замбур вайрон. Нағз кард, ки Далерро дар ҳалли ин муаммо ба худ ёвар гирифт. Вай корчаллон аст, илоҷи корро меёбад.
Мурғи хаёли Алишер оҳиста-оҳиста ба парвоз омада ўро ба сафари роҳи дур бурд. Вай ба хотир овард, ки ҳашт сол муқаддам бо роҳхати кумитаи марказии комсомол як гурўҳи калонеро сарварӣ карда, бо поезди «Дўстӣ» ба мамлакати дўсту ҳамсоя – Чехославакия азми сафар намуд. Мусофирон дар пойтахти Украина ба ҳам омаданд ва дар хамин ҷо Алишер фаҳмид, ки гурўҳи чавонони туркманиро ҳам ба гурўҳи онҳо ҳамроҳ карда, ўро сарвар таъин намуданд. Гурўҳи онҳо дар як вагон ҷой гирифтанд.
Поезд нисфи шаб ба роҳ баромад. Бо амри тасодуф Алишер ба купэе, ки дар он чор духтари туркман мезистанд, ҳамсоя шуд.

пешина
аз 315
навбатӣ