Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ташаккур барои маслиҳат, қабул.
– Намеарзад. Ман ҳоли ҳозир ба рўи шумо нигоҳ карда аз дилатон чӣ мегузарад, хонда истодаам. Шумо гуфта истодаед: «Худоё, гардам аз одамот. Бо чӣ маҳлуқе сар ба сар кардӣ. Ин хел занро дар умрам бори аввал мебинам». Ҳамин тавр не?
– Намедонам.
– Росташро гўед.
...
– Чаро хомўш мондед?
– Ман ҳам фикр мекунам, ки ин лаҳзаҳо аз дили шумо айнан чунин суханҳо гузашта истодаанд.
– Бале, хато накардед. Ман ҳамин хел фикр мекунам. Лекин аз як чиз ҳайронам. Шумо чаро ба худ суол намедиҳед: аз чӣ ин зан ин қадар шилқин? Чаро ин тур аст? Чаро ба дигар занҳо монанд нест? Чаро пардаи шарму ҳаё аз рўи вай парида? Аз шумо пурсиданӣ ҳастам, чаро ба ин суолҳо посухе намеҷўед. Тасаввур мекунед, ки дар назди шумо зани тиҳимағзу сабукпое истодааст ва ба шумо ширеш барин часпида гирифтааст. Ҳамин тавр?
– Шумо ин суолҳоро чаро ба ман медиҳед? Каси дигар нест магар?
– Гапатон дуруст. Ман метавонистам, ки ин шилқиниро ба дигар ҷавонмард кунам. Лекин... лекин шумо дигаред. Ман гумон доштам, ки шумо маро мефаҳмед... Лекин... бубахшед. Хато кардам. Қавл медиҳам, мурам, ки дигар ба шумо сухане гўям.
Сулгун даст афшонда аз ў дур шуд. Алишер надид, ки ў чӣ сон рафт. Фақат ҳаминашро дарк кард, ки ҷавонзан аз ў ранҷид.
Аз як тараф дилаш хурсанд буд. Хурсанд буд, ки аз балои ногаҳонӣ ба осонӣ халос хўрд. Вай дигар ўро то поёни сафар ғам намедиҳад. Лекин аз дигар тараф як кунҷи дилаш сиёҳ шуд. Ба кадом асос ин зан ўро ба номардӣ айбдор кард. Ин дашноми қабеҳе буд ба унвони вай, ҷавонмарде, ки то ба ҳол ба зану духтари бегона ба чашми харидорӣ, ба нигоҳи каҷ назаре накардааст.
Болокории ин суолҳои қатор андар катори Сулгун ўро чун торҳои анкабут ба худ печонда гирифита буданд. Ин суолҳо ба назари ў посух талаб мекарданд. Чӣ тавр?
Вале вай рафт. Бо қаҳру итоб рафт. Дар гумон аст, ки то поёни сафар вай ба рўи Алишер нигоҳ кунад. «Нағз нашуд...» – ҳамин буд хулосаи ниҳоии Алишер.

пешина
аз 315
навбатӣ