Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Боз ягон суол доред?
– Ҳа.
– Гўшам ба шумо.
– Бароед, ба шумо гап дорам. Ё ба дарун таклиф мекунед?
– Ба дарун? Не!
– Меҳмон доред? Метарсед?
– Не. Метавонед тафтиш кунед. Низом! – сар ба ақиб гардонда шарикашро садо кард Алишер. – Худатро нишон деҳ. Тафтишгарон омаданд.
Ҷавони қаддарози лоғарандоме сар аз купэ баровард.
– Мана ман, ако. Ба кӣ лозим?
– Ана, ба ин хонум.
– Гўшам ба шумо. Метавонед, тафтиш кунед. Дар бағал ягон чиз надорем.
– Шумо ба ҷоятон гузашта шинед, додарам. Ман ба шумо гап надорам, – ҷигот андохта гуфт Сулгун.
– Ман ҳам аз шумо таманно дорам, ки роҳати мардумро халалдор накунед, – инро гуфта Низом шараққӣ дарро пўшид.
Алишер берун монд.
– Хушш..., маслиҳатамон чӣ шуд шеф? – боз пурсид Сулгун гўё чизе нашуда бошад.
– Кадом маслиҳат? – худро ба гулӣ андохт Алишер.
– Гуфтам-ку, ба шумо гап дорам.
– Гапатон ниҳоят зарур?
– На он қадар.
– Ин тавр бошад, сабр кунед, ба манзиил расем. Баъд ба ягон маслиҳат меоем. Ҳоло беҳтараш рафта хоб кунед.
– Як саволи дигар. Бигўед, шумо бо ҳама занҳо ҳамин тавр муносибат мекунед?
– На, на ба ҳама. Хирасарҳоро, бубахшед, барои густохӣ, чашми дидан надорам.
– Ва гумон мекунед, ки ман ба он қабилҳо дохилам.
– Ман ин тавр нагуфтам.
– Шумо ин тавр нагуфтед, лекин ман бояд ҳамин хел хулоса барорам. Ҳамин тавр гуфтанӣ ҳастед шумо?
– Намедонам.
– Ба шумо, шеф, як маслиҳат медиҳам. Муносибатро ба зан дигар кунед, бигзор вай хирасар бошад. Ин ба шаъни мардӣ намезебад.

пешина
аз 315
навбатӣ