ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Ман таъна накардам. Ман гапи ростро гуфтам.
– Бале, шумо рости гапро гуфтед. Ман инро дертар фаҳмидам. Барои ҳамин мехоҳам, ки маро бубахшед.
– Иродаатон суст будааст.
– Дуруст.
– Ман мардони сустиродаро нағз намебинам.
– Хуб мекунед. Ман ҳам мехоҳам, ки ягон зан маро дуст надорад.
– Не, шумо маро дуруст нафаҳмидед. Ман шуморо дар назар надорам. Дар байни мардони сустирода мардони хуб, пок, беозор, меҳрубон ҳам бисёранд. Лекин ман ҳамонҳоеашро дар назар дорам, ки иродаи сусташон боиси хонавайронӣ, нофаҳмӣ, качравӣ мешаванд. – Инро гуфта Сулгун муҳри хомўшӣ ба лаб гузошт.
... Онҳо дуру дароз сўҳбат карданд. Алишер фаҳмид, ки Сулгун дар умри кутоҳи худ рўзгори талхеро аз сар гузарондаю аллакай се маротиба оила бунёд карда, се маротиба ҳам хонавайрон шудааст.
«Ман духтари яке аз сарварони ҳукумати ҷумҳурӣ будам, – ҳикоят намуд вай. – Бори аввал ҳини донишҷўи донишгоҳ буданам ба шавҳар баромадам. Баъди чанде падарам, ки роҳбари ҷавону сахтгир буд, қурбони замони рукут шуд. Ўро бо тўҳмат аз кор гирифтанд. Ёд дорам, рўзе ки ўро дар бюрои ҳизб аз вазифа озод карданд, мо аҳли хонавода дар хона аз воқеа огоҳ шудем.
Вай ба хона даромада бо ханда ҳамаи моро ба оғўш гирифт. Мо бошем, мегиристем. Падарам ба рўи мо дуру дароз нигоҳ карда гуфт: «Ҳой, ба шумоҳо чӣ шуд? Ман мурдаам магар? Канӣ, гиряро бас кунед. Сулгун, духтарам, дастархон кушо. Ҳоло мо ин ҳодисаеро мешўем». Вай бисёр хушчақчақ буд. Коре карда ғубори дар осмони хонаи мо пайдошударо бартараф карданӣ мешуд. Ва ба ин ноил ҳам шуд. Мо ба зудӣ ҳамаашро фаромўш кардем.
Вале муддате нагузашта чанде аз наздикони падарам аз мо рўй мегардондагӣ шуданд. Аввалин шуда шавҳарам маро тарк намуд. Пеши роҳашро нагирифтам. Баъди ду сол оилаи нав бунёд кардам. Ҳамкорам буд вай. Ду сол зиндагӣ кардем. Фарзанд таваллуд накарданамро баҳона карда вай ҳам маро тарк кард. Дар интихоби шавҳари саввум худам хато кардам. Вай ба назарам марди пок, ҳалиму хоксор менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё