ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Вале аз хонадориамон як моҳ нагузашта найрангҳояш фош шуданд. Вай ба ман рўирост хиёнат мекард. Як рўз дар ҷойхобам ўро бо зани бегонае лучу урён дарёфтам. Ин дафъа ман хонаи шавҳарро тарк кардам. Ва аз ҳамон дам қарор додам, ки то ба охир умрамро бе шавҳар мегузаронам.
Инак, соли сеюм аст, ки сари танҳо дорам. Зиндагиам хуб.
Рисолаи номзадӣ дифо кардам. Аз ҳеҷ чиз камӣ надорам. Фақат гоҳ-гоҳе аз зиндагии талхам, аз бахти нагунгаштаам менолам. Лекин шукрона мекунам. Ман баринҳо дар дунёи дун кам нестанд.
Чанд бор волидонам таклиф карданд, ки ғами зиндагиро хўрам, то ба кай сари танҳо мегардам. Вале ман қатъиян рад кардам.
Шавҳардорие, ки хамон хел бошад, аз сад маҳаллаш безорам гуфтам.
– Ман дуо мекунам, ки ин дафъа ба ягон марди баирода, шавҳари вафодор рў ба рў оед, – гуфт Алишер баъди шундани ҳикояти талхи Сулгун.
– Ташаккур барои орзуи наҷиб, – вай боз як хандаи ширине хадя намуда афзуд. – Дар ин бора дигар фикр намекунам. Дар ҷаҳон бе дўст будан мушкил аст, – гуфтааст як шоири шумо. Ана, ҳамин мисраъ имрўз шиори ман аст. Кўшиш мекунам, ки дўстонам бештар шаванд. Дигар аз зиндагӣ таманное надорам.
Шодам, ки дар ин сафар боз як дўсти дигар пайдо кардам.
– Наход? Ба ў бовар доред?
– Бовар дорам. Шумо дўсти ҳақиқӣ ҳастед, Алишер, – бори аввал Сулгун ба ҷои калимаи «Шеф» номи асли ўро ба забон овард.
– О, ин чӣ хел... Ман шуморо...
– Биёед, монед, Алишер. Ба гузашта салавот. Дарвоқеъ, ман аз шумо напурсидам. Зан доред?
– Бале, фарзанд ҳам дорам.
– Шумо хушбахтед, Алишер. Ба шумо ҳасад мебарам. Инро чап нафаҳмед. Ба занатон гўед, ки ман ба ў ҳасад мебарам. Бо шумо барин мард зан албатта хушбахт мешавад.
Алишер хомўш монд. Намедонист ба ин суханҳо чӣ посухе диҳад.
– Шаб бевақт шуд, Алишер. Маро гусел мекунед?
– Албатта!
Ҳарду бархостанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё