Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Воқеан дар байни сармуҳаррирони рўзномаи ҷавонон Ато Ҳамдам аз ҳама беш кор карда, нақши неке боқӣ гузоштааст. Дар давраи роҳбарии ў тиражи газета аз 80 ҳазор ба 180-190 ҳазор нусха расид.
Ато Ҳамдам ҳангоми сармуҳаррири Иттиҳодияи эҷодию бадеии телевизиони Тоҷикистон буданаш соли 1990 депутати халқии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва солҳои 1990-1992 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи Шўрои Олии мамлакат оид ба масоили фарҳангӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ифои вазифа намуд ва моҳи феврали соли 1992 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Ҳукумати мамлакат тайин гардид.
Дар давраи Вазири фарҳанг будани Ато Ҳамдам, ки ба солҳои барои ватан басо вазнин рост омад (феврали соли 1992- декабри соли 1994) маданияту ҳунари Тоҷикистон сарфи назар аз авзои буғранҷи ҷомае бештар тавсиа ёфт, бо бисёр мамлакатҳои дунё робитаҳои фарҳангӣ барқарор гардиданд, шартномаҳо ба имзо расиданд, барои равнақи минбаъдаи фарҳанги тоҷик тадбирҳои муҳим анҷом дода шуданд. Маҳз ба тавассути кордонӣ ва азму талоши ў мардумони бисёр мамлакатҳои дунё аз қабили Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Покистон, Эрон, Афғонистон, Туркия аз фарҳангу ҳунари бою ғании мо аз наздик ошно шуданд.
Ато Ҳамдам муддати ҳашт сол аст, ки дар идораи Президенти мамлакат ба ҳайси мушовири калон ифои вазифа ва пайваста эҷод мекунад.

Декабри соли 2002

пешина
аз 315
навбатӣ