Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аз таги кашатон гирам, майлаш? – пурсид Сулгун.
– Марҳамат.
Сулгун ба Алишер ҷафс шуд. Нафаси гарму гуворо, бўи атри хушбўи фаронса ҷисму ҷони Алишерро месўзонд. «Худоё. Худаш чӣ гап? Ин чӣ ҷабрест, ки ба фарзанди инсон раво мебинӣ? Занеро бо ин ҳусну ҷамол, таровату назокат бадбахт гардондаӣ. Охир вай метавонад як оилаи бутун бунёд кунад, мардеро хушбахт гардонад, бачаву кача карда оламро пур аз хандаи тифлакон гардонад»,
– аз хаёл мегузаронд Алишер.
– То ба кай танҳо мегардед? – ногаҳон яхи хомўширо шикаста пурсид Алишер.
– Гуфтам-ку. То охири умр, – бо дили шикаста посух дод Сулгун.
– Танҳоӣ дарди зўр аст, Сулгун.
– Мефаҳмам, Алишер. Лекин чӣ илоҷ?
– Барои чӣ ин тавр мегўед?
– Барои ин ки давобахши ин дард нест.
– Ҷўянда ёбанда аст.
– Дуруст мегўед Алишер. Кас, ҷўяд, меёбад. Ман ёфтам. Вале чӣ фоида?
– Барои чӣ ин тавр мегўед? Ёфта бошед, аз даст магзоред.
– Вай дур аст, дастнорас аст.
– Илоҷаш нест, ки ...
– Бале, илоҷаш нест.
Онҳо боз хомўш монданд. Ва хамин тавр то ба назди меҳмонхона омаданд. Сулгун оҳиста дасташро аз таги каши Алишер гирифт.
– Мехостам, ки ин даст боз соатҳои дароз аз ҷисми ман канда нашавад.
– Ин тавр нагўед, дўсти азиз! Ин оринҷ соҳиб дорад! – инро гуфта Сулгун ба Алишер даст дароз кард. – Хайр, хуш монед.
Хобҳои нағз бинед.
– Ман хоб намеравам, – дасти Сулгунро сар надода гуфт Алишер.
– Барои чӣ?
– Шумо хоби маро дуздидед.
– Баргардонам?
– Кошкӣ.

пешина
аз 315
навбатӣ