ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– К-он кишвар обод дор!
Кишоварз пайваста бо дод дор!
Ба-д он марзи хуррам ҳаме бош шод!
Набояд, ки печӣ саратро зи дод!
Барзу замин бўса мекунад ва ба шоҳ офаринҳо мегўяд.
Барзу. Барои ободии кишвар, барои осудагии мардуми меҳан то ҷон дар рамақ дорам, мекўшам!
Хусрав. Аҳсант! Кунун ба Эрон меравем!
Рустам. Шоҳаншоҳо! Агар иҷоза бошад, банда охири умри хешро ин ҷо, дар Зобул бигзаронам.
Хусрав. Иҷоза ҳаст, паҳлавоно! Ман бо дили пур меравам, чаро ки Барзу – паҳлавони нави Эронзамин бо манаст, бо ҳаммеҳанони хеш аст!
Рустам (Барзуро ба оғўш гирифта). Худо туро нигаҳбон бошад!
Садои мусиқӣ. Хусрав, Барзу ва дигар ҷанговарони Эронзамин таҳти садои мусиқии мутантан аз саҳна дур мешаванд. Рустам дастафшон танҳо мемонад ва ба тамошобинон рўй оварда мегўяд:
Маро бардавом аст чун достон,
Надорам ба дунё дигар ормон!
Поёни намоиш.
Октябр-ноябри соли 1993.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо