Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

(Барзу бо арзи эҳтиром сар хам мекунад ва замин мебўсад.
Хусрав ба Рустам):
Ки эй номвар гурди равшанравон,
Биё, то кунун сози Барзу кунем!
Ба Эрон варо паҳлави нав кунем!
Рустам (пояи тахтро бўсида).
К-эй шоҳи фархундабахт,
Ҷаҳонҷўй Барзу туро банда аст!
Ба фармону роят сарафканда аст!
Ба кини Сиёвахш баста миён,
Бикўшад ба Тўрон чу шери жаён,
Ту шоҳиву ў паҳлавони нав аст,
Чу ман бандаи шоҳ Кайхусрав аст!
Маро барфи пирӣ ба сар барнишаст,
Наёрам ба кина ҳаме сохт даст.
Маро сол аз чорсад баргузашт,
Басе бар сарам чархи гардун бигашт.
Кунун рўзи Барзуст пайкору ҷанг,
Ба ҳар ҷойгаҳ – бар биёзид чанг.
Хусрав (шод шуда даст ба ҳам мекўбад). Тоҷи зар ва заррин камар биёред!
Хидматгорон фармудаи шоҳро филфавр ба ҷо меоранд. Шоҳ
тоҷи зар ва зарринкамарро ба Барзу пўшонда эълон мекунад:

– Бишнавед нидои қалби маро, эй ҳаммеҳанон! Аз имрўз Барзуро паҳлавони нави Эрон эълон менамоям!

Садои таҳсину офарин баланд мешавад. Хусрав ба Барзу муроҷиат мекунад:

– Даҳ аспи гаронмоя ва зарринаттом, дусад тахта ҷома аз дебои Чин ва ин диравшеро, ки ба пайкори он уқоб асту ва аз нахуст они Афросиёб буд, даҳ ҳазор номдорони шамшерзан, номдорони ханҷаргузорро ба ту месупорам! Бигир! Майдон ҳам аз туву ҷавлон ҳам аз ту!

Боз садои аҳсанту офарин ба фалак мепечад. Хусрав боз ба
Барзу муроҷиат мекунад:

пешина
аз 315
навбатӣ