ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Шинос шав, дугонаи ман, – гуфт Саломат, – номаш Сулгун.
– Алишер, – даст дароз кард Алишер ва суп-сурх шуд.
Хомўшии гароне ба вуқўъ омад.
– Ҳа, чиба рост истодем? Канӣ, мардакҷон, ҷомадони Сулгунро бардоред.
– Ба куҷо? – базўр пурсид Алшер.
– Ба куҷо мешуд? Албатта, ба хонаи мо-дия, дадаҷонакаш.
Чӣ, шумо розӣ не?
– Чаро? Маро шарм надорон, Саломат. Марҳамат, нур дида тоҷи сар. – инро гуфта Алишер боз ҳам сурхтар шуд.
– Ба шумо чӣ шуд, мардак? Магар кас дўсти деринаро ҳамин тавр истиқбол мегирад?
– Чӣ хел дўст?
– Натарс, мардак. Сулгун ба ман ҳамаашро нақл кард.
– Чиро? – бо ҳарос пурсид Алшер.
– Ҳамаашро. Вай гуфт, ки Алишер барин мардакро як умр тори сар карда гардӣ, кам аст.
Дар лабони рангпаридаи Алишер табассум гул кард. Оҳиста ҷомадони Сулгунро бардошта, пеш даромад.
Далер, ки аз дур ин манзараро тамошо мекард, зери лаб ғурунгос зад:
– Аҷиб шуд-ку! Зиёфат чӣ мешуда бошад?
Июни сол 1990
САҚИЧФУРЎШ
Акнун ба дафтари корӣ ворид мешавам гуфта будам, ки аз пешам Меҳрӣ – котибаи сардор баромад. Салом доду ишорае кард, ки маънияш чунин буд: «Дароед, хўҷаин интизор».
– Аҷиб-ку? Каллаи саҳар ба шеф лозим шудаам. Бахайр аст, Меҳриҷон?!
Меҳрӣ китф дарҳам кашид: «Намедонам».
– Андомашон чӣ хел?
– Андоми кӣ?
– Андоми хўҷаин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё