Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ гўям ба шумо... Умуман,бад не. Рўяшон уттӣ кардагӣ барин, топ-тоза. Як бор аз барашон гузаред, аз бўи ЖЗЭ масту ғелон мешавед, – хандон ҷавоб дод Меҳрӣ.
– Маълум, ки кайфияташон аъло!
– Ҳа, Имрўз ҷопониҳоро қабул мекардааст.
– Фаҳмо.
– Фаҳмо бошад, зуд дароед.
– Лекин боз як чизаш нофаҳмо. Ман ба он кас чаро лозим шуда бошам? Вақтҳои охир гўё, ки дар ин идора кор намекарда бошам, маро фаромўш карда буданд.
– Чаро фикр карда шиштед? Зуд борониатонро кашеду марш ба кабинети сардор, – амр кард Меҳрӣ.
– Итоат, рафиқ ҷонишини сардор! – Даст ба чакка бурда вориди дафтари кориам шудам. Борониамро кашида дар оинаи назди тиреза сару рўямро ба ифоқа овардам. Баъд ба қабулгоҳи сардор рафтам.
Меҳрӣ лаҳзае аз чоп кардан бозистода, «Дароед» гуфт.
Даромадам.
Ростӣ, ним соли охир бори аввал буд, ки ба дафтари кории шеф қадам мегузоштам. Ҷиҳози онро ситоиш намекунам, чаро ки қалам оҷиз аст. Фақат ҳаминашро мегўям, ки кабинет меҳмонхонаи калони амалдорону сармоядорони имрўзаро ба хотир меовард. Сардор дар боло, сараш хам, машғули кор. То ними кабинет омадам, ў маро пай набурд. Ба мизи кориаш наздик шуда, як сулфаи сохта кардам, то ки натарсад. Сар боло кард. Салом додам. Посух нашуд. Мижаҳои сиёҳи ғафсаш хам нахўрд. Ҳайрон будам: шинам ё нашинам. Рост истодам.
– Ҳа, чӣ мегўӣ? – суол кард ў.
Худамро гум кардам. Одатан ин суолро ў не, ман бояд медодам.
– Котиба гуфт, ки маро ҷеғ задед.
– Ман?
– Ҳа.
– Ту кистӣ? Нашинохтамат, бача.
– Ман... ман аз ҳамин ҷо.
– Аз кадом шўъба? Ному насабат?
Ному насабамро гуфтам, номи шўъбаамонро ҳам.
– Ҳа, фаҳмо. Пештар биё.

пешина
аз 315
навбатӣ