ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Кўча қариб дар марказии шаҳр будааст. Инак, кўча, ҳавлӣ ва хонаи лозимиро пайдо кардам. Ба ошёнаи дуюм баромада, дар назди хонаи рақами 19 қарор гирифтам. Даст ба занги дар бурдам. Баъди фосилае дар роҳрав садои қадаммонӣ ба гўш расид. Дарро ба рўям ҷавонзани малламўй, болобаланд, тахмин сиву панҷ – сиву шашсола боз кард.
– Ассалому аалейкум.
– Салом. Ба Шумо кӣ лозим?
– Ба ман Тоҳиров Назир. Он кас дар ҳамин хона иқомат мекунад?
– Бале. Шумо ҳамшаҳриаш мешавед? – зан сар то пои маро аз назар гузаронд.
– Ҳа.
– Фаҳмо.
– Он кас дар хона?
– Не, мутаассифона, дар кор.
– Агар бемалол бошад, намегўед ўро аз куҷо, чӣ хел пайдо кардан лозим?
– Он кас дар бозор.
– Дар кадом бозор.
– Симферополь як бозори калон дорад.
– Кай дар хона мешаванд?
– Намедонам. Ҳар рўз ҳар хел меояд. Шумо овора шуда дигар ин ҷо наоед. Беҳтараш телефон кунед.
– Раҳмат, маслиҳати оқилона.
– Ин тавр бошад, хуш монед, – зан хост дарро ба рўи ман пўшад, лекин...
– Мебахшед, ман бо кадом рақам ба хонаи Шумо телефон кунам?
Зан рақами телефонро гуфт. Ман ба коғазчае сабт карда бори дигар узр пеш оварда ба поён фаромадам.
Бегоҳирўзӣ ба хонаи Назир-ако сим задам. Телефонро худи мард бардошт.
– Салом! Ин хонаи Тоҳиров? – пурсидам бо забони тоҷикӣ.
– Ҳа, – бо овози паст садо кард мард.
– Мебахшед. Он касро ба телефон ҷеғ мезадед.
– Ман гўш мекунам. Шумо кистед?
– Ман аз Душанбе. Шуморо диданӣ будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё