Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ба ман чӣ кор доред?
– Пайғоме дорам аз духтаратон, Меҳрӣ.
– Ҳа, хамин тавр гўед, – аз афташ сухан дар гулўи мард дармонд, ки лаҳзае хомўш гашт.
– Бо Шумо кай вохўрдан мумкин? – яхи хомўширо шикастанӣ шуда пурсидам ман.
– Вохўрданӣ мо зарур?
– Намедонам. Агар нахоҳед, маҷбур намекунам. Лекин...
– Шуд, шуд. Ман тайёрам, ҳар гоҳе ки хоҳед, марҳамат.
– Кай ба хонаатон биёям?
– Ба хона не, беҳтараш дар ҷои кор вомехўрем.
– Майлаш. Шуморо дар бозор чӣ хел меёбам?
– Ин чандон мушкилӣ надорад, бародар.
– Хушш...
– Маро дар назди дари даромади бозор меёбед.
– Шумо он ҷо чӣ кор мекунед?
– Сақич мефурўшам. Ёфтани ман осон. Чунки дар даҳани дарвоза ғайр аз ману шогирдчаҳоям каси дигар ҳақ надорад, ки сақич фурўшад.
– Фаҳмо. Хуб, раҳмат. Ин тавр бошад, пагоҳ ман шуморо пайдо мекунам.
– Марҳамат, ман интизор, – мард бе хайрухуш гўширо монд.
Рўзи дигар баъди субҳона ҷониби бозор шитофтам. Ба худ меандешидам: «Дар байни одамони бисёр ўро чӣ сон меёфта бошам! Рўз-рўзи бозор. Ҳа, дарвоқеъ вай гуфта буд, ки дар даҳани дарвоза шоҳи сақичфурўшҳо манам. Ёфтанам осон. «Насиб бошад, ўро бе душворӣ хоҳам ёфт. Пас ин ки наход ба Меҳрӣ ягон монандие надошта бошад?»
Ба бозор наздик наздик шудам. Селоби одамӣ ба ду тараф равон буд. Дарвозаи дутабақа калон кушода бошад ҳам, одамон ҳамдигарро тела дода – тела дода даробаро доштанд. Ман аз байни анбўҳи одамӣ сақичфурўшро меҷустам. Эҳа, онҳо кам не-ку – се-чор нафар. Кадоме аз онҳо бошад? Ҳо, вай ҳузарбаш? Не, дар чеҳраи вай аз шарқиён осоре нест? Нохост... Чашмаш ба марде афтод... Бовар мекунед, ки ба Меҳрӣ як себу ду тақсим буд. Ҳеҷ ҷои шубҳаву тахмин набуд, вай мард яқин падари Меҳрист.
Бо қадамҳои устувор назди он мард омадам. Бепарво буд, сақич мефурўхт. Дар дасти чапаш бандчаи пул, дар пешаш, болои миз қуттичаи сақич меистод.

пешина
аз 315
навбатӣ