ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳ И К О Я Ҳ О
ЁДИ ДИЛ
Резаборон меборид...
Қатраҳои шаффоф болои роҳ афтида чун алмоспораҳо медурахшиданд. Олимҷон – сардори идораи бинокорӣ – ҷавонмарди мўи сараш барвақт сафедшуда, дар нишастгоҳи пеши мошин нишаста, бо хаёлҳои дарҳам – барҳами худ банд буд. Ронанда – марди миёнаумри мўи сараш мошубиринҷ, ботанутўш, кушодачеҳра чашм аз роҳ намеканд. Гоҳ-гоҳ, вақте, ки пастию баландӣ ва гардишгоҳҳо пеш меомаду суръати мошин сусттар мешуд, вай ноайён ҷониби сардор менигарист, мазмун донистан мехост, ки мабодо ба тори андешаҳои вай нохун зада бошад. Вале Олимҷон бепарво буд. Гўё фармон ба ихтиёри ў бошад, чашм аз роҳ намеканд, нигоҳаш ҳамоно дар дуриҳои роҳ буд. Умед – писарбачаи панҷ-шашсолаи ҷингиламў бо бозичаҳои худ, ки падар аз мағозаи сар роҳ харида буд, андармон. Бозичаҳо нишастгоҳи ақибро банд карда буданд. Умед падар ва амаки шофирашро ба тамом фаромўш карда, бозичаҳои хешро «насиҳат» медод.
– Қишлоқи Саричашма, – ба лавҳаи сари роҳ нигариста, оҳиста, то ба сардор халал нарасонад, зери лаб пичиррос зад ронанда. – Панҷ километр.
– А? – ба баданаш барқ расидагӣ барин якбора ба худ омада суол кард Олимҷон. – Чӣ гуфтед?
– Саричашма мегўям, панҷ километр будааст. Номи зебо, – такрор кард ронанда.
– Истед! – Якбора бонг зад Олимҷон.
Мошин истод. Ронанда бо таҳайюр ба рўи Олимҷон зеҳн монд. Авзои вай беҷо, лабонаш пир-пир мепариданд.
– Ба шумо чӣ шуд, раис?!
– Мошинро гардонед!
– Ба куҷо?
– Ба Саричашма меравем.
– Ба Саричашма?
– Ҳа, ҳа, ба Саричашма.
Ронанда ба соаташ нигариста бо эҳтиёт гуфт:
– Ба маҷлис дер мемонед.
– Ҳеҷ гап не. Ягон баҳона мекунем. Мошин вайрон шуд, мегўем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё