Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Иди баҳору зебоӣ муборакатон бод!
Барои номаи ҷавобӣ, барои суханҳои самимӣ як олам ташаккур. Саодатхон, ман аз шумо бахшиш мепурсам. Барои он ки ба номаатон дер ҷавоб навиштам. Ин сабаб дорад. Ман ду ҳафта дар сафари хизматӣ будам. Барои ҳамин имкон нашуд, ки ба Шумо ба зудӣ нома нависам. Боз бубахшед!
Мактубатонро бо як ҷаҳон шавқ мутолиа намудам. Вай маро ба ваҷд овард, дар ҷисму ҷонам гармие ато бинмуд, маро аз олами номуродиҳо раҳоӣ бахшид. Бисёр ташаккур, як олам ташаккур!
Ҳафиз ва Матлуба ба фикрам пагоҳ – яъне 28 апрел аз сафари эҷодӣ хоҳанд баргашт. Баъд маслиҳати рафтанро мекунем. Ман танҳо бо баҳонаи сафари хизматӣ метавонам ҳамроҳи онҳо биравам. То 15 моҳи май дер накарда, албатта масъалаи рафтанро ҳал мекунем. Ба ман дар бораи корҳоятон, зиндагиатон нависед. Ман бисёрҳо мехостам, ки шумо имсол ба Душанбе омада ба ягон мактаби олӣ (ғоибона ё шабона) дохил шавед.
Дар дил гапҳои бисёре, орзуҳои ширине дорам. Ҳеҷ гап не, агар насиби дидор бошад, он вақт муфассалтар сухан хоҳем ронд.
Саодатхон, боз намедонам чӣ нависам. Ба гумонам ҳоло ҳаминаш кофист. Орзу мекунам, ки иди баҳорро бо хешу табор ва дугонаҳо нағз гузаронед ва моро гоҳ-гоҳе ба хотир биёред.
Хайр, то боздид! Номаи ҷавобиро мунтазирам.

Бо эҳтиром ва самимияти дучандон
Акбари Ҳасан.
27 апрели соли 1972
Агар имконият дошта бошед, ягон аксатонро фиристонед.


Ассалом, Акбарҷон!
Паёмамро қабул фармо!
Зи сидқи дил хоҳонам,
Ки хушбахти ҷаҳон бошӣ!
Номаатонро гирифтам. Самимона миннатдорам. Мехоҳам донам, сиҳатӣ ва кору бори шумо, сиҳатии волидайн ва хешу ақрабо чи сон аст?!
Агар аз ман пурсед, саломатӣ ва ҳолати рўҳиам хеле хуб аст.

пешина
аз 315
навбатӣ