Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зиндагӣ бо маҷрои хеш равонаст. Корҳои хона бисёр, барои зиқшавӣ фурсат нест.
Акбарҷон! Ман шуморо қариб ки ҳар шаб дар хоб мебинам .
Хоби ҳархела. Аз ин каме хотирпарешонам. Ҳамин, ки ба рўхсатӣ
баромадед, ба назди мо биёед. Шуморо бесаброна интизорам.
Дирўз аз рўзномае чанд ғазали ишқӣ хондам. Ба гумонам ин ғазал розгўи дили мост:
Биё, эй ишқи нав, рўҳам ҷавон кун,
Биё, ай дарди нав, тармими ҷон кун.
Биё, эй васли нав, аз қабзаи марг
Маро бистону фахри ҷовидон кун.
Биё, эй дасти гарму нарми симин,
Маро бар даст гиру достон кун.
Биё, эй ҳусни нав, ҳузни маро куш,
Биё, эй аҳди нав, охирзамон кун.
Биё, эй фарри яздонии одам,
Замини оҷизамро осмон кун.
Биё, эй ишқи нав, эй марги ширин,
Ҳар он ҳукме, ки медонӣ, ҳамон кун!

Акбарҷон! Мехоҳам, ки бисёр нависам. Лекин метарсам, ки ҳамаи суханҳоямро гуфта тамом накунам. Аз ин рў суханҳои дигарро барои номаи дигар мемонам. Ман номаи Шуморо ба модарам хонда додам, аксатонро ҳам нишон додам, чаро ки байни ману модарам ҳеҷ сире нест. Ташаккур барои акс. Ман ин сафар хоҳиши Шуморо ба ҷо хоҳам оварад, албатта акси нави хешро бароятон мефиристонам.

То боздид!
Ҷавобашро бесаброна, ҳар рўзу ҳар соат мунтазирам.
Саодати шумо.
22 июни соли 1972


Салому паём аз Конибодом!
Ассалому алейкум, Акбарҷон!
Аз сатрҳои нахустини номаи начандон калон мехоҳам ҳарчӣ тезтар аз ҳолу аҳволи Шумо воқиф шавам. Ҳоли шумо чун аст, фаъолияти меҳнатиатон ба чӣ ранг ҷараён дорад?

пешина
аз 315
навбатӣ