Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Хайр, ихтиёратон. Чизе, ки фаромед...
Ронанда газро баланд карда, сари мошинро ақиб гардонд.
Тахмин панҷсад метр роҳ рафта, баъд ба тарафи чап тоб хўрд.
Асфалтроҳ ақиб монд, роҳи сангфарши дағар-буғур пеш омад.
Ларзон-ларзон пеш рафтани мошин ба Умед нафорид, ки рўй турш карда пурсид:
– Дадаҷон, куҷо меравем?
– Ба қишлоқи мо, писарам.
– Қишлоқи мо дар шаҳр-ку, дада.
– Дуруст мегўӣ, шаҳр қишлоқи ту таваллуд шудагӣ, лекин мо ба қишлоқи ман таваллуд шудагӣ меравем.
– Ба хонаи кӣ, дада?
– Ин ҷо як каси наздик дорам, писарам. Надида равем, хафа мешавад, сахт хафа мешавад – Олимҷон суханҳои охирро аз умқи дил, сўхта-сўхта бадар кард.
Умед дигар савол надод. Дар кабина хомўшии тўлоние ба вуқўъ пайваст. Дар дили ронанда чунин суханҳо радду бадал мешуданд: «Чаро раис якбора ин хел кард? Аз маҷлисҳо ҳеҷ вақт дер намемонд-ку. Дар куҷое, ки бошад, сари вақт ҳозир мешуд...
Шунида будам, ки дар ҳамин қишлоқ зоида шудааст. Баъд, даҳдувоздаҳ сол пеш аз ин, ким-чӣ кор шудаасту сарашро гирифта баромада рафтааст ва дигар наомадааст. Дили одам, ки хунук шуд, душвор... Инак, имрўз... Намедонам, офтоб аз кадом тараф баромад. Аз чеҳраи раис на хурсандиша мефаҳмаму на хафагиша.
Наздикаш кӣ бошад? Ба шунидам дар қишлоқ ягон хеш надорад...
Боз кӣ медонад?...»
– Дадо, дадо! Нигоҳ кунед! Чӣ хел гули бисёр! Чӣ хел бисёр!
– Умед, бозичаҳояшро фаромўш карда, ҷониби дашт, ки бо лолаҳои арғувонӣ оро ёфта буд, нигариста, фарёд зад.
– Рост, писарам, лолаи бисёр, хеле бисёр! Ғулом – ака, мошинро доред, – Олимҷон аввалин бор номи ронандаро ба забон гирифт.
Падару писар аз мошин фаромада, ҷониби лолазорон рафтанд ва ҳамоно худро ба дами оташи лолазор андохтанд.
– Надав, писарам, монда мешавӣ, дур нарав, – гуфт падар, ҳарисона ба лолаҳо нигариста ва хаёлолуд ба лолачинии фарзандаш нигариста, зери лаб пиичиррос зад, – Умед, Умед ман! Чӣ кадар ту лолаҳоро дўст медорӣ.

пешина
аз 315
навбатӣ