ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ишқи ту дар синаи ман ҳадяи тақдир буд,
Як ҷаҳон шўри ҷавонӣ дар ҷаҳони пир буд.
Омадӣ бо ғесўи чун обшорон рез-рез,
Шодии ҷони ғарибам берун аз тасвир буд.
Ташнагиҳои дилам бишкаст лабҳои тарат,
Дар замоне, ки дилам аз рўи олам сер буд.
Омадӣ аз роҳи дур, аз хештан бигрехта,
Гўӣ бахти бад дар он манзил туро пайгир буд...
Омадӣ бо чашмҳои бегуноҳу бепаноҳ,
Ҳар нигоҳат сад ҳазорон фоли бетаъбир буд.
Омадию ман туро бишнохтам бо чашми дил,
Баски дар чашмони ту барқу шарори шеър буд...
Ҷони ширин! Акнун чанд сухан дар иртиботи зиндагӣ ва кору бори хеш. Ҳозир шукр, саломатиам хуб аст. Корҳо нағз. Ҳама чиз мерасад, ба ҷуз як чиз. Худат медонӣ, ки ба ман чӣ чиз намерасад. Хайр, ҳеҷ гап не. Он рўз дур нест, ки ману ту якҷо шавем. Ин дафъа тамоми умр якҷо хоҳем шуд. Гўш кун, Ҳофизи бузургвор чӣ мегўяд:
Эй дил, сабур бошу махўр ғам, ки оқибат,
Ин шом субҳ гардаду ин шаб саҳар шавад.
Имрўз 30 июл. Ба фикрам фардо масъалаи рухсатӣ ҳал хоҳад шуд. Агар мусбӣ ҳал шавад, баъди панҷуми август маро интизор шав. Ё ҳамроҳи ду нафар меравам ё баъди рафтани онҳо... Ба ҳар ҳол пеш аз рафтанам туро хабардор мекунам. Масъалаи вохўриро ҳам ҳал мекунем. Бояд туро бубинам, бояд бубинам. Аз рўзе, ки аз ҳамдигар ҷудо шудем, расо 25 рўз бигзашт. Лекин ин мўҳлат барои ман 25 сол барин менамояд. Гапҳои нав бисёр. Вақте ки вохўрдем, ҳикоят мекунам. Ҳоло фақат ҳаминашро мегўям, ки масъалаи хона... Гап-гап ҳаст, ки барвақт мешудааст. Барои ин чӣ бояд кард, худат медонӣ? Хайр, дар ин бора сонитар. Бовар дорам, ки ҳамаи корҳо ба хубӣ анҷом меёбанд.
Канӣ, бигўй, саломатии модар ва додараку хоҳараконат чӣ тур? Ба онҳо аз номи ман бисёр салом гўй. Ба бобои меҳрубон ва модаркалони хушкалом ҳам саломи фарзандии маро расон. Ба онҳо гўед, ки падару модарам барояшон салому паёмҳои бисёре мерасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё