ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҷавоби номаро бо беқарорӣ интизорам.
Акбари ту.
14 июли соли 1972.
Илтимос, номаҳоро нобуд накун.
Ягон вақт хонда завқ мебарем.
Ассалом, нури дида, тоҷи сар Саодатҷон!
Барои ман душвор аст, ки ҳамаи он ҳиссиёту меҳри худро ба воситаи ин нома ифшо созам. Номаи ҷавобии ту ба ман рўҳи тоза, илҳоми саршор, хотири болида ва завқи беш бахшид. Тасаввур мекардам, ки мактуб не, худат кабутар шудию парвозкунон ба назди ман омадӣ. Ҳа, ин бемуҳобот ҳамин тавр менамуд. Ҳар як сатри номаатро мехондаму симои ту, қомати ту бо ҳама он назокату малоҳат пеш назарам меомад. Гумон мекардам, ки наздам рост истодаӣ ва сухан мегўӣ. Бовар кун, ҷонам, ки мактубатро, сатрҳои пурҳарорати аз муҳаббат ва ишқи ҷавонӣ саршоратро мехондаму аз шодӣ ва ифтихор ашки дида мерехтам. Охир, ту дар ин дунё барои ман ягона касе ҳастӣ, ки аз вуҷуди ман, аз ҳастии ман, аз буду нобуди ман ба тезӣ бохабар шудӣ ва кӣ будану чӣ гуна дил доштанамро ба хубӣ эҳсос кардӣ.
Барои ин як олам ташаккур.
Саодатҷон! Медонӣ-чӣ, қаҳрамонӣ ҳар хел мешавад. Масалан, духтаре ҷавонеро, ки аз зиндагӣ дилаш мондаасту ба касеву чизе кор надорад, ба воқеаҳои олам, ба муҳити атроф бо назари сард менигарад, аз ин варта раҳо мекунад, яъне аз дасту бозуи ў дошта «бархез, зиндагӣ дар пеш аст», мегўяду муҳаббати худ, ишқи аввали худ ва ҳастии худро ба ў мебахшад. Ин ҳам қаҳрамонист. Ва бешубҳа, агар ман пайкарасоз мешудам, албатта, ба ин қабил духтарон, аз ҷумла барои ту ҳайкал мегузоштам, ҳайкале аз торҳои муҳаббат... Вале ман муҷассамаи туро абадӣ дар майдони замири дилам сохтаам ва ин муҷассама ҳеҷ гоҳ вайрон намешавам.
Саодатҷон! Акнун бо иҷозати ту шеъре ба номат ҳадя мекунам, ки аз девони ба тозагӣ нашршудаи шоири ошиқ Лоиқ интихоб кардаам: Инак, гўш кун:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё