ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Хуллас, он истироҳату дамгирӣ, он мулоқотҳои самимӣ риштаҳои дўстии моро сахт ба ҳам бупайваст. Ва мо аҳд кардем, ки минбаъд дар куҷое бошем, дар кадом вазифае, ки кор кунем, дўстиамон бардавом хоҳад монд.
Аз байн муддати мадиде гузашта бошад ҳам, то ҳол суханҳои ҳини гусел ба забоновардаи ў дар ёду хотирам сахт боқӣ мондааст: «Муаллим, мансабу вазифа меоянду мераванд, лекин кори неку амали нек, одаму одамгарии мо мемонад. Инсон бояд дар хар лаҳза пеш аз ҳама инсон монад. Инро мо набояд фаромўш созем!» «Суханҳои олиҷаноб! Биёед, ба ҳамин гуфтаҳои шумо то ба охир содиқ мемонем! Қонуни бародарӣ ҳам бояд ҳамин бошад!» – гўён афзудам:
Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон, Ба ҷуз дўстӣ, к-он бувад ҷовидон!
Инак, аз байн даҳ сол сипарӣ шуд. Тундбоди зиндагӣ дар ин миён моро ба куҷоҳое, ки напартофт. Ба қавле дар дору хези зиндагӣ афтидему бархостем, хам шудему рост шудем ва, хушбахтона нашикастем. Боди мурод моро боз ба соҳили мурод баровард.
Дўсти деринаи ман бо ҳукми тақдир соҳиби мансаби баландтаре шуда, ба марказ омад. Банда ҳам бо амри тақдир курсии мансабро иваз намудам. Дўсти деринаи ман ба идорае омад, ки банда низ дар он ҷо вазифаи назарногиреро ишғол менамудам.
Ман аз ин шод шудам. Шод шудам на аз он хотир, ки акнун бо шарофати меҳрубонӣ ва дастгирии дўсти дерина соҳиби мансаби калоне мешавам. Не, ман аз сад маҳали бо ин роҳ ба мансаби баланд расидан безорам. Табиати ман ҳамин аст. Агар дар зиндагии кўтоҳ ба мансабе расида бошам, бе ёрӣ, бе ёру ошнобозӣ расидам... Хурсандии ман аз он ваҷҳ буд, ки меҳнати босубот, азму талош ва кордонӣ ўро ба мансаби воло расонд! (Ин, албатта, андешаи шахсии ман буд, баъзеҳо дигар андеша доштанд).
Баъди шунидании ин хабар баъзе аз ҳамкорон, ки аз дўстии мо воқиф буданд. гўшакӣ мекарданд: «Дар гузари мо ҳам худо хоҳад, тўй мешавад. Имрўз-пага аз котиба иҷозат пурсида, ё пешакӣ номамонро нависонда сипас назди устод медароем». Ман ба ин гўшакиҳо посух намедодам. Хомўшӣ тилло ва онро авлотар медонистам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё