ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳамкоронам ҳам гумон доштанд, ки ман имрўз ё фардо ҳатман ба табрики калон – «дўсти деринаам» меравам. Баъди сечор рўз диданд, ки ман ҳанўз хомўшам ва дар ин ҷода кўшише ба харҷ намедиҳам, хайрон шуданд. «Ҳа, устод! О, бисёриҳо аллакай ба побўсии калони нав мушарраф шуданд. Шумо, дўсти деринааш ҳоло ҳам хапу хомўш-ку. Ё интизор ҳастед, ки кай худаш даъват мекунад ё ғурур имкон намедиҳад...»
Ба онҳо филфавр посух додам: «На ину на он... Ба ҳузури он кас рафтанро аз рўи одоб намедонам. Инро атрофиён ба таври худ мефаҳманд. Баъд ин ки табрику муборакбодӣ ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Ҳамин ки имконияти рў ба рў омадан шуд, албатта табрик мекунам». «Оҳанро дар гармиаш мекўбанд, устод. Муборакбодия дар гармогармиаш кардан лозим. Боз ин рафторатон боиси он нашавад, ки дили калон аз шумо монад. Маро писанд накард гуфта... Аз ҳамин рўзатон ҳам намонед. Ба калонҳо шўхӣ карда намешавад». Ин суханҳо маро ба андеша кардан водор намуд. Шояд он рафиқ ҳақ бошад. Кӣ медонад? Лекин ман донистагии худамро мекунам. Фурсат шавад...
Мутаассифона, чунин фурсату имконият ба зудӣ даст надод.
Зиндагӣ ба маҷрои хеш равон буд. Ёру ошно ва хамкорон дигар гўшакӣ намекарданд, луқма намепартофтанд. Ҳама чиз дар гўшаи хомўшӣ ва фаромўшӣ маскан гузид.
«Дўсти дерина»-и ман ҳеҷ не ки рў ба рў ояд. Чӣ хел мо рў ба рў шавем, ки вай дигар пиёда намегашт. Мошини хидматӣ ўро то таги дар меовард ва ў аз мошин фаромадан замон дар иҳотаи чор муҳофиз зуд ба боло мебаромад. Баъд ин ки ман худам кўшиши бо ў рў ба рў омаданро намекардам. Худо насиб карда бошад, ягон рўз не, ягон рўз рў ба рў мешавем ва албатта дер бошад ҳам, табрикаш мекунам.
Андешаи он ки ў аз будан ё набудани ман дар ин даргоҳ воқиф аст, маро заррае ба ташвиш намеовард. Ҳама чиз, хатто вохўрӣ ҳам бо розигии худо сурат мегирад.
Инак, аз хамкории мо дар ин идора расо ду баҳору ду тирамоҳ гузашт. Аввалии баҳор, омад-омади Наврўз буд.
Се рўз қабл аз Наврўз ба дафтари кориям намояндани шўъбаи кадрҳо – зани болобаланди бадкавоқ ворид шуда варақчаеро пешам гузошта гуфт: «Шумо рўзи аввали ид аз соати ҳашти субҳ то соати сеи рўз дар қабулгоҳи калон навбатдор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё