Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он ҷо нишастан басо қулай буд, чаро ки касе маро намедид. Агар телефон шавад, аз ҳамин ҷо истода ҷавоб додан ё хабарҳоро қабул кардан мумкин.
Ба курсӣ ба ҳузур нишаста гирифтам. Чанд нафар муҳофизе, ки маро мешинохтанд ё пештар дида буданд, дарову буро карда ва чашмашон ба ман афтода ҳайрон-ҳайрон менигаристанд, аз пурсидани чизе истиҳола мекарданд.
Якеаш, ба назарам вай ёвари калон буд, боадабона пурсид:
«Ҳа, устод, инҷо нишастед? Ба қабули калон омадед?» «Не, ман маҷбур омадам, аниқаш баҳри иҷрои вазифаи хидматиам омадам»
гуфтам сахт карда ва барои он ки фаҳмотар шавад, афзудам:
«Ман навбатдор!».
Вай «ҳмм» гуён дарун даромад ва баъди лаҳзае берун баромада «Марҳамат, устод, дароед. Дар қабулгоҳ шинед» гуфта муроот намуд.
Ман, ки торҳои асабам таранг шуда, ба кафидан моил буданд, қариб ки овоз баланд карда гуфтам: «Раҳмат. Ман аллакай он ҷо будам, маззаи он ҷоро хуб чашидам. Акнун маро ба ин ҷо «бадарға» карданд. Аз ин беҳтар ҷое нест».
Ёвар узр пеш овард: «Устод, узр, ки бачаҳо нафаҳмида...
Хоҳиш мекунам, ба он ҷо дароед». Дар дилам чизе таркид.
«Хайр, майлаш, муҳофизон маро нашинохтанд, лекин вай... калон...»
Аз олами рўёъ берун шуда гуфтам:
– Шумо узр напурсед, бародар. Мо фармонбардорем. Фармон доданд, омадем. Фармон доданд, ки он ҷоро тарк кунем, тарк кардем. Дигар чӣ кор кунам?
– Мебахшед, устод, вай муҳофиз шуморо нашинохтааст...
– Нашинохтааст? Инро худи ў гуфт? Номаъқул кардааст. Вай маро хуб мешиносад. Охир ин ҳамоне нест, ки чанд рўз пеш барои барқарор кардани ким-кадом хешаш ба мактаби олӣ ду маротиба дар қабули ман буд.
– Хайр, бачагӣ кардааст. Аз хурдон хато, аз бузургон ато, – ёвар сар доданӣ буду сир не.
– Бародар, – ниҳоят худро ба даст гирифта омирона сухан кардам. – Ман шуморо ҳурмат мекунам. Намехоҳам, ки сухани ноҷое аз ман нисбати шумо берун ояд. Агар хоҳед, ҳамин ҷо нишаста навбатдориамро то ба охир мерасонам. Нахоҳед, иҷозат диҳед, биравам.

пешина
аз 315
навбатӣ