ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
ҒЎССАМАРГ
Мурғи посўхта барин буд ў. Ҷои нишаст намеёфт. Дам ба дам нигоҳ мекард ба берун. Медаромаду мебаромад. Аз шўру ғалаёни дили вай хабар надоштанд ҳамкорон. Кайҳо ба охир расида буд рўзи корӣ. Вале ў ба хона шитоб надошт. Интизор буд, ки ҳоли ҳозир пас аз лаҳзае ба гўши ў хабари хуш мерасонад. Ва он гоҳ дили ў қарор хоҳад гирифт.
Охир...
Инак, интизории ҷонҳавлакӣ поён ёфт. Дар роҳрав садои қадамзании шахсе, ки ин қадар чашмдори роҳаш буд, ба гўш расид. Лоқайдона суол кард:
– Чӣ хел? Тамом? – ва ба таги гулўи хеш «корд» кашид.
– Нафаҳмидам.
– Ман пурсиданӣ, ки маҷлис чӣ хел гузашт?
– Ҳа? Маҷлис? Бад не, – нимғурма посух дод шахси омада.
– Чӣ хел бад не? О ягон чиз гўед! Ман аз шумо хабари хушро нигарон будам.
– Хабари хуш. Не, шуморо хурсанд карда наметавонам.
– Чӣ хел – гиря гулўгираш шуд. – О ман, умеди калон доштам аз ин маҷлис.
– Умедатон барбод рафт.
– О, ин тавр бошад, «ман мурдам».
– Ба мурдан шитоб накунед. Шефа муваққатан аз кор дур карданд...
– Чӣ? – вай мирзодикак барин ҷаҳида хест. Мурда буд, зинда гардид.
– Магар нашунидед? Шефа аз роҳбарӣ дур карданд. Шумо хурсанд?
– Нашунидам. Гўшҳоям ғиб гирифтанд. Як бораки дигар такрор кун, садқат шавам.
– Ше-фа аз кор ги-риф-танд. Фаҳмо?
– Фаҳмо! Ман боз зинда шудам. Биё. Пештаракам биё. Биё, то аз хамон лабҳои сухангўят бўса кунам.
– Не, инаш зиёдатӣ. Ягон лаби дигарро бўса кунед.
– Нахоҳӣ ихтиёрат. Мебўсам. Албатта мебўсам. Касе, ки аз сари роҳам баромад, лабу даҳанаша бўсаборон мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё