Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин ҳикояти риққатовари маҳбубаамро шунида, як аламам сад алам шуд. Бо мақсади дилбардорӣ ўро сахт ба оғўш кашида гуфтам: «Мунаввархон, ба дил нагиред. Хуб шуд, ки ҳамин хел шуд, шумо дугонаи худро хуб шинохтед. Минбаъд поятонро дониста монед». «Шумо ҳам хоҳархонди худро хуб шиносед! Метарсам, ки чунин қисса боз ба шумо рух надиҳад». «Э, аз даҳонатон шамол барад. Худо нигоҳ дорад. Ман ҳам калла дорам, ҷонакам! Бало ба пасаш! Илоҳӣ дасти ин хел хоҳар бишканад». Бовар мекунӣ, ҷўра ман ин суханҳоро ҳамту бо шўхӣ гуфта будам.
Лекин ... баъди ду моҳ Мунаввар ба ман чунин хабар дод.
«Расо-ака. Шумо одами хавфнок!» « Э, боз чӣ гап шуд?» гуфта пурсам, аввал хуб хандид, сипас афзуд: «Дирўз медонед, ба ман кӣ сим зад?» «Не-ку!» «Хоҳархондатон телефон кард. Гўё ки ҳеҷ гап нашуда бошад, аз ину он расо пурсон шуд. Шумоя пурсид.
Баъд ба гилаю ҷингила гузашт. Гуфт, ки шумо чӣ хелӣ хоҳар, ки аз ҳоли ман хабар намегиред». «Чӣ шудааст, гуфта пурсам гуфт, ки дар роҳи рост, дар рўзи равшан пешпо хўрда дастамро шикастам. Инак, расо ду моҳ мешавад, ки дасти ростам каҷкорӣ». Инро гуфта буд, ки дуои шумо ба ёдам расида қариб хандида фиристодам. Худамро базўр аз ханда нигоҳ дошта сараму дилам дилбардорӣ кардам. «Беҳуда дилбардорӣ кардӣ, ҷони ширин.
Беҳтараш мегуфтӣ, ки ҳоло хайрият шудааст. Агар маро – арўси додаратро бори дигар ба савдо андозӣ, худо хоҳад гарданат ҳам мешиканад».
Мунаввара қоҳ-қоҳзанон гуфт: «Э, астағфуриллоҳ, гўед. Боз ҳамин тур нашавад, ки баъд ... тамоми умр ... Беҳтараш, сарашу равғанаш гўед ...» «Хуб, ҷони ширин, бигузор гуфтаи шумо шавад. Сарашу равғанаш, ё чуноне, ки мегўянд, ҳаволааш ба худо!»
«Ана, ин гапи дигар!» – инро гуфта Мунаввара худро ба оғўши ман ҳаво дод.

Октябри соли 1997.

ДАЪВОГАРИ ЗЎР

Ба дафтари кории сардор ворид шуда мардеро дидам, ки
ҳузарбу болобаланд, мўи мошу биринҷаш сари китфонашро «навозиш» мекард.

пешина
аз 315
навбатӣ