ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Аз рўй додани ин фоҷиа чанд рўз гузашта бошад хам, лекин то ҳанўз аз гўши Саид, ки ҳамтабақонаш ўро «Сери» ном мебурданд, овози ҷонгудози Сорокин намерафт. Ҳамон лаҳзае, ки корди қотил ба сари синаи Сорокин фурў рафту зимни кашида гирифтан хун ба сони чашма фаввора зада боло хест, ҳушу ақли ўро ба тамом бурда буд.
– Не! Не! Дигар тоқат карда наметавонам. Девона мешавам.
Охир, ман ўро дер боз мешиносам. ҳамроҳ чи корҳое, ки накардаем. Вале ин корашро чашмдор набудам. Барои ким-чизи намешуданӣ одам куштан... Тилло ё пули калон мебуд, гапи дигар... Вай ваҳшӣ, ҳайвон. Баъди ин ҳодиса сад ҷон дошта бошӣ, хам вай раҳм намекунад. Ба ҳама гуна пастӣ қодир аст. Не, не, пеш аз он ки вай маро ... Не, ман бояд ўро... – Саид дар ҷогаҳ ба худ мепечид, ки садои занги телефон ўро як қад парронд. Ба хаёлаш расид, ки касе ба дар занг мезанад. Сарашро таги кўрпа андохт, боз занг. Кўрпаро охиста бардошта гўш андохт. Боз занг.
«Хайрият, зангии телефон будааст». Саросема аз ҷой бархоста, гўшакро бардошт.
– Алло! Кӣ гап мезанад?
– Ман, ман, – шунида шуд овози хирросӣ. – Шинохтӣ?
– Шинохтам.
– Бисёр хуб. Маро бодиққат гўш кун.
– Гўш мекунам, – овози Саид ларзид.
– Пагоҳ онҳо сокинони хонаро ба милиция даъват мекунанд.
Ту ҳам бо онҳо ҳамроҳ шав. Чизе ки мешунавӣ, омада якта-якта ба ман мегўӣ.
Саидро воҳима зер кард. Дастонаш меларзиданд.
– Шунидӣ?
– Ҳа, ҳа.
– Аз Наташа чашм накан. Лақида монданаш мумкин. Фаҳмо?!
– ...
– Баъди пурсуҷў Наташаро ба меҳмонӣ даъват кун.
– Ба куҷо?
– Ба куҷо мешуд? Ба хонаи худат.
– Инаш барои чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё